Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо

Ҷаласаи назди раиси ноҳия

Дар ҷаласаи навбатии назди раиси ноҳия, ки рўзи 28-уми феврал доир гашт, як силсила масъалаҳои муҳими рўз мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Доири масъалаи ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи март раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода ба масъулини бахш дастур доданд, ки дар ин самт корро беҳтар ташкил намоянд...

САРБОЗОН БО ТУҲФАҲО КАДРДОНӢ ШУДАНД.

Имрўз аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба афсарону сарбозони Қисмҳои ҳарбии 45085-и Ҳолатҳои фавқулодда ва 0307-и Қушунҳои Сарҳадии КДАМ ҶТ дар ноҳия баъди анҷоми мусобиқаҳои варзишӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид...

БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ДУВОЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

Имрўз иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, даъвати шашум баргузор гардид. Дар рўзномаи иҷлосия масъалаҳои муҳиму саривақти мавриди баррасӣ қарор гирифта, таклифу дархостҳо пешниҳод гардиданд.

ИФТИТОҲИ ИНШООТҲО БАХШИДА БА РЎЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Имрўз бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Бозоралӣ ва муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Акрам Сулаймонзода дар деҳаи Тудабоёни Ҷамоати деҳоти Чубек «Маркази хизматрасонӣ»-ро ҳусни ифтитоҳ бахшиданд, ки он аз нуқтаҳои «Дорухона», «Тезтайёр» ва «Шустушўи нақлёт» иборат аст. Иншооти мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Шоҳзамон Давлатов сохта шуда, 4 нафар сокинони деҳа соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

АКСИЯИ ТОЗАГИИ МАҲАЛ

Бо мақсади тозагии гирду атроф, ҳифзи муҳити зист дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод аксияи тозагии роҳ ва маҳал бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ҳамбастагӣ бо кормандони Идораи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия баргузор гардид...

Кишти такрорӣ вусъат меёбад

Дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, заминҳои Президентӣ, наздиҳавлигии аҳолӣ, заминҳои назди ташкилоту муассисаҳо кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ рўз то рўз вусъати тоза меёбад...

Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ

Дар Боғи истироҳату фароғатии маркази ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод доир гардид ва дар он 14 ташкилоту муассиса - шуъбаҳои маорифу фарҳанг , тандурустӣ, “ Обдеҳот”, бахши “Ҳифзи муҳити зист” ва дигар муассисаҳо ширкат варзиданд. Дувоздањ шарванд тавсияи ҷойи кор гирифтанд...

Ҷамъомади назоратии назди раис

Дар ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия як силсила масъалаҳои рўзмарра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Пеш аз ҳама, масъалаи ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи июл ва кам кардани бақияпулиҳои андоз мавриди пурсиш қарор гирифт...

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай