Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Маориф

        Фаъолияти соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятоки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.

       Дар 50 муассисаи таълимии ноҳия 31 ҳазору 702 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 1845 омўзгор, аз ҷумла798 нафар зан таълим медиҳад. Аз ин шумора 1570  нафар бо маълумоти олӣ, 275 нафар  бо маълумоти миёнаи махсус фаъолият доранд.

       Дар 4 муассисаи томактабӣ 290  кўдак дар 12  гурўҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар назди 43 муассисаи таълимии ноҳия 980 нафар кўдакони синни 5-6 сола ба маркази инкишофи кўдак фаро гирифта шуданд.

       Аз 2169 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ноҳия 1295 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шуданд, ки ин рақам 60 фоизи шумораи умумии хатмкунандагони ноҳияро ташкил медиҳад. Ҳамзамон 66 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ дохил гардиданд.

       Иҷрои барномаи компютеркунонӣ ба 102 фоиз расонида шудааст, ки ба 15 хонандаи синфҳои 5 – 11, 11 компютер рост меояд.

       Дар ноҳия ҷиҳати таъмини хонандагон бо сару либоси мактабӣ тадбирҳо андешида шуда, аз ҳисоби ҶДММ “Даҳбед” 10453 ҷуфт, коргоҳи дузандагии шаҳри Бохтар 2000 адад, коргоҳи дўзандагии “25 солагии Истиқлолият” – и ноҳия 550 адад ва Маркази омўзишӣ -  истеҳсолии назди шуъбаи маориф 2500 адад, ҷамъ 15503 адад сару либоси мактабӣ таъмин карда шуданд, ки ба 100,3% фоизи нақша баробар аст.         

       Дар соли 2019 дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 деҳоти Қаҳрамон 4 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуда, сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №42 дар деҳаи Навобод, бинои нави муассисаи таълимии №43 дар деҳаи Ҳуснободи деҳоти Меҳнатобод, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 дар деҳаи Туғули деҳоти Чубек ва 6 синфхонаи иловагӣ дар назди Гимназияи давлатӣ  идома доранд. 

 

          

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай