Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Кишоварзӣ

         Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз ноҳияҳои аграрии вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, соҳаи кишоварзӣ асоси пешбурди иқтисодиёти он маҳсуб меёбад. Рушди соҳаи кишоварзӣ аҳамияти на танҳо иқтисодӣ, балки иҷтимоӣ низ дорад, зеро дар ин соҳа бештари  аҳолии қобили меҳнат машғули кор мебошанд.

      Дар соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 592,4 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018  42,2 млн сомонӣ зиёд иҷро гардидааст ва афзоиш 107,7 фоизро ташкил медиҳад.

       Кишти зироати асосӣ - пахта дар майдони 5606 гектар гузаронида шуда, иҷрои дурнамо 100,1 фоиз таъмин гардид ва истеҳсоли он дар соли 2019 ба 12806 тонна расонида шуда, ин нишондод нисбат ба соли 2018  3450 тонна ё 36,9 фоиз зиёд мебошад.

       Истеҳсоли ғалладонагӣ бошад, ба 42411 тонна, сабзавот ба 46800 тонна, гўшт ба 6440 тонна, шир ба 21125 тонна, тухм ба 2,6 миллион дона, меваҷот ба 7952 тонна, ангур ба 1533 тонна ва полезӣ ба 23037 тонна расонида шуда, нисбат ба соли 2018 афзоиш мутаносибан аз 100 то 136 фоизро ташкил медиҳад.

       Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 35652 сар, моли майда ба 64920 сар, саршумори парранда ба 46702 сар расонида шуда, нисбат ба соли 2018 саршумори чорвои калон 241 сар, моли майда 484 сар ва парранда 210 сар зиёд гардид.

       Мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ соли ҷорӣ дар ноҳия дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 5916 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шуд, ки ин баробари 102,7 фоизи дурнамо мебошад.

       Дар бахши аҳолӣ дар майдони 2005 гектар, баробари 107,8 фоизи нақша ва дар бахши хоҷагиҳои деқонӣ 3911 гектар, баробари 100,3 фоизи нақша кишти такрорӣ гузаронида шуд.

       Дар соли 2019 13,9 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд.

         Дар мавсими корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ зиёда 21,6 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун  шинонда шуд, ки ин нишондиҳанда 103 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

       Соли 2019  тибқи нишондоди Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ аз тарафи хоҷагиҳо ва дигар истифодабарандагони замин дар заминҳои лалмӣ ва ғайрикишоварзӣ дар майдони 10 гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда шуд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай