Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ДУВОЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

Имрўз  иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи  ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ,  даъвати шашум баргузор  гардид. Дар  рўзномаи  иҷлосия   масъалаҳои муҳиму саривақти  мавриди баррасӣ қарор гирифта,  таклифу  дархостҳо  пешниҳод  гардиданд. Дар кори иҷлосия рафти иҷрои қарори  раиси ноҳия  аз 23.07.2020, №605 «Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 15.06.2020, №169 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.05.2020, №252 «Дар бораи Барномаи кафоолатҳои  давлатӣ оид  ба  таъмини  аҳолӣ  бо кўмакҳои  тиббию санитарӣ  дар  шаҳру ноҳияҳои  таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022»  ва Ҳисоботи Комиссияи  доимии  Маҷлиси вакилони  халқи  ноҳия  оид  ба  масъалањои  маориф, фарҳанг, иттилоот, тандурустӣ, муҳофизати  оила ва  ҳифзи ҳуқуқи кўдак, кор  бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ  оид  ба  рафти   иҷрои  қарори  раиси  ноҳия  аз  20.10.2020, №877 «Дар  бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 30.07.2020, №431 «Дар  бораи Барномаи  миллии пешгирии  ҳуқуқвайронкунӣ  дар  байни  ноболиғон барои  солҳои 2020-2024»  мавриди  таҳлилу  баррасӣ  қарор  дода  шуда,  баҳри  рафъи камбудиҳои  дар  ин самт ҷойи  дошта таклифу  пешниҳодҳои вакилон  шунида  шуд. Инчунин,  масъалаҳои дигари  рўзнома низ  шунида  шуда таклифҳо  пешниҳод  гардиданд. Дар кори иҷлосия раиси  ноҳия  муҳтарам Бозоралӣ Одиназода ва  намояндаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Сардори Раёсати  тандурустии вилояти Хатлон  дар  минтақаи Кўлоб,  Ғаюров Садриддин иштирок  ва  баромад  намуданд.

       Маркази  матбуоти  раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай