Субҳи имрӯз дар толори маҷлисгоҳи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия машқҳои мукаммали Мудофиаи гражданӣ оғоз гардид. Хотиррасон менамоем, ки гузаронидани машқҳои Мудофиаи гражданӣ дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, ба хотири пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода гузаронида мешавад. Бояд гуфт, ки дар ин бобат амри раиси ноҳия “Оид ба иҷрои амри Раиси вилояти Хатлон аз 26 июли соли 2014, №11 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани машќи мукаммали мудофиаи гражданї” дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба тасвиб расида, санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи “Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода” машқи мукаммал бо иштироки ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ ва зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ дар ноҳия роҳандозӣ гардид.
Нахуст, муовини Сардори мудофиаи граждании ноҳия, муовини якуми раиси ноҳия Орифзода Маҳдӣ Маҳмуд ҷамъомадро ифтитоҳ намуд. Сипас, сардори Раёсати шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон полковник Маҳмадзода Ҷ.Б., моҳияти машқи мазкурро ба ҳозирин фаҳмонид.
Гуфта шуд, ки машқҳои мукаммали мудофиаи гражданӣ аз 29-ум то 31-уми июл идома ёфта, ба шаҳрвандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ки дар он ширкат меварзанд, тамоми нозукиҳои мудофиавӣ фаҳмонида мешавад.
Муовини якуми раиси ноҳия дар охири чорабинӣ мутасаддиёнро муваззаф намуд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои пешбинишуда пурра мусоидат намоянд.
“Навиди Ҳамадонӣ”
.jpg)
.jpg)
.jpg)