Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН

           Дирӯз дар деҳаҳои Гулистон ва Қаҳрамони Ҷамоати деҳоти "Қаҳрамон" бо иштироки муовини раиси ноҳия Д.Муҳуддинзода , намояндаи шӯъбаи КДАМ-и ноҳия Б.Ҳамроев, мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷ. Бахтзода ва И.в раиси Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон Азизов С., бо раисони маҳаллаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди Ҷамоат ва фаъолон мулоқоти судманд баргузор шуд. Дар мулоқот оид ба риояи фарҳанги миллӣ, ба бар намудани либосҳои фарҳанги ба мо бегона ва дигар мушкилоти ҷомеа имрӯза сухан рафт. Бояд гуфт, ки бегонапарастӣ боиси аз байн рафтани аризшҳову муқаддасоти миллию давлатии мо ба ҳисоб рафта, анъанаву суннатҳои миллии моро ба нобутшавӣ бурда мерасонад. Зимни баёни ин нукта, баромадкунандагон зикр карданд, ки ҷойи ин ҳама бегонапарстӣ метавон либосҳои миллии худро ба бар намуда, онро ба ҷоҳониён муаррифӣ намуд.

           Бояд қайд намуд, ки нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ, амнияту оромӣ, истиқлолияти комили кишвар вазифаи ҷонию имонии ҳар як шаҳрванд маҳсуб ёфта, бояд баҳри пойдории он заҳмату талоши бештар намоем. Зеро давлатҳои ҷаҳон дар ҳоли нобудшавӣ қарор дошта, ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, гурӯҳҳои тундрав ба мафкураи ҷомеи шаҳрвандӣ таъсири манфӣ расонда истодааст. Қайд гардид, ки дар мулоқоти роҳбари давлат низ масъалаи терроризму ифротгарой сахт таъкид гардида, Пешвои миллат зимни ҳар мулоқоти хеш ҷавононро аз ин хатари ҷаҳонӣ ҳушдор медиҳад. Таъкид шуд, ки дуруст тарбия намудани фарзандон ва назорат аз болои онҳо вазифаи ҷонию имонии ҳар як падару модар буда, барои ҳифзи истиқлолиятӣ давлатӣ ва суботу оромии мамлакат онҳо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. То рафт шиддат гирифтани гурӯҳҳои ифротӣ, ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш оварда, ба истиқлолияту амнияти баъзан кишварҳо таҳдид намуда истодаанд.

       Имрӯз бояд мо ба қадри заҳмату талошҳои пайвастаи сарвари давлати худ бирасем. Ва Истиқлолияти комили кишварро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Ҷ. Қувватзода " Навиди Ҳамадонӣ "

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай