Имрӯз кишвари маҳбуби мо- Тоҷикистони биҳиштосоро дар тамоми олам медонанду мешиносанд. Дар муаррифии мамлакатамон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле барҷаста аст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва ду даҳсолаи охир кишвари мо дар ҳамаи соҳаҳо ба пешравиҳои бузург соҳиб гардидааст, ки боиси рашки душманони миллат ва баъзе муллову мавлавиҳои ҳамсоякишвари Афғонистон гардидааст. Онҳо бешармона аз он сӯи дарёи Панҷ ҷониби кишвари мо санг андохта, ба тарзи либоспӯшии бонувони пурҳунари мо айб мегиранд, ки куллан хато мекунанд. Худашон кишвари хешро ба харобазор табдил дода, ҳоли мактабу донишгоҳҳоро хароб кардаанд. Бешармӣ аз ин зиёд намешавад. Дар ин росто, суҳбате доштем бо муовини раиси ноҳия муҳтарам Давлатҷон Муҳуддинзода.
-Мегуфтед, ки сабаби дар шабакаҳои иҷтимоӣ доду фарёди баъзе мавлавиву муллоҳои афғон дар чист?
- Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар як кишвари олам урфу одат, таомул ва арзишҳои миллии худро дорад. Мо давлати дунявию ҳуқуқбунёд ҳастем, мардуми кишвари мо қариб сад фисад мусулмон ҳастанд, намоз мехонанд ва барои онҳо тамоми шароитҳоро давлату Ҳукумати Тоҷикистон фароҳам овардааст. Қариб деҳу рустое намондааст, ки масҷид надошта бошад.
Ҳар кас намозашро дар масҷид мехонад, ягон кас ба онҳо нахон, намегӯяд. Бонувони тоҷик тибқи анъанаҳои миллӣ сару либоси миллӣ ба бар мекӯнанд, басе зебову диданӣ. Вале, бархе занҳое ҳастанд, ки бо таъсири шавҳаронашон ( баъди адои ҳаҷ ё сабаби дигар) либоси бегона ба бар мекунанд, яъне либоси сиёҳ ба бар мекунанд ва фақат чашмонашон метобаду халос. Ин гуна либоспӯшӣ дар фарҳанги мо набуд ва он зебанда ҳам нест. Бегонапарастӣ хоси мардуми мо нест, вале баъзе занону духтарони мо рӯ ба пӯшиши либосҳои арабӣ овардаанд.
Мавлавиву муллоҳои ҳамсоякишвари мавриди назар беҳудагӯӣ карда, тарафи кишвари мо сангандозӣ мекунанд ва хато ҳам мекунанд. Як чизро қайд кардан лозим аст, ки бонувони мо пеш аз ислом ҳам либоси миллӣ ба бар мекарданд, ки зеботарин либос дар ҷаҳон аст. Мо ба сатру ҳиҷоби арабҳо муҳтоҷ нестем.
-Дар мавриди пешравиҳои кишвари азизамон ва саҳми фарзонафарзандони миллат чӣ гуфтаниед?
Аз гузашта то имрӯз миллати сарбаланди тоҷик бо фарзонафарзандони бузурги худ ифтихор доштанд ва онҳо барои озодиву Истиқлолияти сарзамини худ мудом дар мубориза буданд ва имрӯз кишвари мо- Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СММ мебошад.
Ибтидои солҳои 20- уми асри бист фарзандони баруманди миллат Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, устод Садриддин Айнӣ ҷони худро дар хатар гузашта, баҳри истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қаҳрамонӣ карданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ибтидои солҳои 90- уми садаи гузашта кишвари қариб ғарқшудаи Тоҷикистонро аз марг халос карда, ҳазорҳо мардуми фирориро аз хоки Афғонистон ва кишварҳои дигар ба Ватан баргардонида, ба онҳо кумакҳои зиёд расонид.
Аҳсан, ба чунин Роҳбари хирадманд!
-Дар фарҷоми суҳбат чӣ гуфтании дигар доштед?
Ман ба халқи азизам эътимоди комил дорам. Боварӣ ҳаст, ки мардуми сарбаланди тоҷик баҳри шукуфоӣ, ободии диёри худ шабро шаб нагуфта, бо азми дил заҳмат кашида, дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро бо сари баланд иҷро намуда, ба комёбиҳои баланд муваффақ мешаванд. Ва намегузоранд, ки ягон хоин, бегона ва душманони миллат оромии кишвари моро халалдор созанд. Ягон шахси бегона, мавлавиву муллоҳои ҳамсоякишвар ҳақ надоранд, ки нисбати кишвари мо ҳарфҳои носазо гӯянд. Ҳар як фарди тоҷик кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки Ватани хешро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд. Мо пайравони пешвои миллатем!
Суҳбаторо Ҷ. Исломов