Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ МЕБОЯД

      Бояд қайд намуд, ки дар ҷаҳони муосир давлату миллатҳои зиёде арзи вуҷуд доранд. Ҳар яке аз ин миллату давлатҳо соҳиби забон, хат, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва расму оини аҷдодии хешанд.

Бо вуҷуди борҳо шикаст хурдани давлату миллати мо дар замони қадим, вале халқи тоҷик аз давраҳои куҳан дорои рукнҳои давлатдорӣ ва расму оини қадимаи нотакрор буд, ки он таҷассумгари фарҳангу арзишҳои воло, чун худогоҳиву меҳанпарастӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои аҷдодон ба шумор меравад. Яке аз мақсадҳои роҳбари давлати мо низ ҳамин аст, ки баҳри ҳифзу нигоҳдошти он ҳар як нафар масъулияти баланд эҳсос намояд.Ин арзишҳо дар ашъори шоирони ширинкаломи тоҷик низ ба монанди Рӯдакиву Фирдавсӣ, Носири Хисраву Ибни Сино, Турсунзодаву Лоиқ мавқеи хоса дошта, васфи зиёде карда шуда, он далолат аз фарҳангии ғанӣ ва тамаддунофарии халқи тоҷик мекунад.

Ақли солим, неруи хирадмандона ва фарҳанги волои мардуми тоҷик буд, ки мо ба ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу оромии кишвари худ расидем. Ҳар яки мо бояд Ватани азизи хешро дўст дорад, муҳаббат ва садоқати бепоён ба Ватан, тафохур аз гузаштаи пурифтихор дошта бошад, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз намояд, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати миллӣ саҳмгузор бошад.

Раҳидан аз вартаи нобудӣ ва баромадан ва вазъияти басо мураккаби иқтисодии мамлакат кори саҳлу содда набуд. Хушбахтона, худованд ба мо пурарзиштарин дастовард истиқлолиятро эҳдо намуд. Воқеъан ҳам барои ҳар тоҷику Тоҷикистони истиқлолияти неъмати бебаҳо, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини ҷаҳон аст. Қобил ба зикр аст, ки истиқлолият ба шарофати ҷидду ҷаҳди хадқи тоҷик таҳти сарварии Пешвои муаззами он Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шуда имрӯз он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шинохта шудааст.Шоире басо хуб фармудааст:

Даме, ки ман Ватан гӯям, ба васфи он сухан гӯям,

Диёре дар назар дорам, ки бо он шоду озодам.

Ба ҳар кӯяш гузар дорам, расад ҳар дам ба фарёдам,

Тоҷикистон номи неки ӯст, чу ҷонам дорам ӯро дӯст!

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, барои ҳар як муҳассилин ин муқаддасот омӯзонида мешавад ва пай мебарем, ки кӯдакон чӣ гуна бо ҳисси меҳру муҳаббат, самимият ва ифтихор аз Модар-Ватан маншаи Истиқлолиятро эҳсос менамоянд. Яке аз вазифаҳои мо омӯзгорон ин баланд бардоштани таълиму тарбия ва ба ин васила бедор намудани ҳисси меҳанпарастии хонандагон ба шумор рафта, мебояд тамоми заҳмату меҳнати хешро дар ин роҳ сарф намоем. Таълиму тарбия дуруст, меҳру садоқат нисбат ба Ватан, худогоҳии миллии хонандагонро ҳамеша бояд дар мадди аввал гузошт, зеро ояндаи давлату миллати мо онҳо маҳсуб меёбанд.

Мо омӯзгоронро зарур аст, ки талошу заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлати хешро қадр намуда, баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳёи онҳо ва тарбияи дурусти хонандагон чораҳои заруриро амалӣ намоем.

Пулод Табаров, директори МТМУ 25

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай