Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҲАМОИШ ОИД БА “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”

         Имӯз дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар толори Филармонияи мардумии ба номи устод Одина Ҳошимови ноҳия ҳамоиш оид ба баланд бардоштани маърифтаи ҳуқуқии шаҳрвандон доир шуд. Дар кори он муовини раиси ноҳия Д.Муҳуддинзода, намояндаи Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Кӯлоб Латифзода Талабшо, Пурокурори ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мушовири адлияи дараҷаи 1 Рухшона Файзуллоева ва муовини сардори ШВКД дар ноҳия Юнусзода Зулфиқор иштирок ва суханронӣ намуданд.

         Нахуст, муовини раиси ноҳия Д.Муҳуддинзода чорабиниро ифтитоҳ намуда суханро ба намояндаи Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Кӯлоб Латифзода Талабшо дод. Номбурда оид ба ҳолатҳои ногувор ва доғдоркунандаи падидаи номатлуби замони муосир, яъне коррупсия андешаронӣ намуда, дар бораи рафти иҷрои “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2030” маълумот дод. Зимнан, баён гардид, ки коррупсия низ дар баробари чандин зуҳуроти номатлуби доғдоркунандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, паҳн гардидани он ва пешгирӣ накардани ин раванд метавонад дилхоҳ миллату давлатро ба нестӣ оварда расонад. Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза бо коррупсия ҳадафҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ намуданд.

         Сипас, пурокурори ноҳия мушовири адлияи дараҷаи 1 Рухшона Файзуллоева ба сухан баромада, ҳозиринро ба донистану дарк намудан, баланд бардоштани маърифати инсонию ҳуқуқӣ даъват намуд. Яке аз масъалаи муҳиме, ки прокурори ноҳия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод ин даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ арзёбӣ гардид. Таъкид гардид, ки ҳар яки моро зарур аст, ки пеш аз ҳама барои ҳимояи марзу буми хеш омода бошем. Имрӯз мо бо кишвари ҳамсоя дар масофи 35км сарҳад дошта, вазъи зисту зиндагӣ, ҳолати идораи давлату миллат, пойдор будани ҷангу ваҳшат дар кишвари ҳамсоя ба ҳамаи мову шумо маълум аст. Бояд қайд намуд, ки нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ, амнияту оромӣ, истиқлолияти комили кишвар вазифаи ҷонию имонии ҳар як шаҳрванд маҳсуб ёфта, бояд баҳри пойдории он заҳмату талоши бештар намоем. Зеро давлатҳои ҷаҳон дар ҳоли нобудшавӣ қарор дошта, ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, гурӯҳҳои тундрав ба мафкураи ҷомеи шаҳрвандӣ таъсири манфӣ расонда истодааст. Қайд гардид, ки дар мулоқоти роҳбари давлат низ масъалаи терроризму ифротгарой сахт таъкид гардид.

          Номбурда таъкид намуд, ки барои дуруст тарбия намудани фарзандон ва назорат аз болои онҳо вазифаи ҷонию имонии ҳар як падару модар буда, барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва суботу оромии мамлакат онҳо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. То рафт шиддат гирифтани гурӯҳҳои ифротӣ, ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш оварда, ба истиқлолияту амнияти баъзан кишварҳо таҳдид намуда истодаанд. Аз падару модарон, бахусус аҳли нишат даъват ба амал оварда шуд, ки бо фарзандони хеш, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд мудом дар робита буда, аз ҳолу аҳвол, буду бош ва шароти кори онҳо пурсон бошанд. Зеро таъсири гурӯҳҳои ифротӣ дар кишварҳои бегона маҳз тавассути муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар фарҷом аз ҷониби ҳозирин суолу таклифҳо пешниҳод гардида, аз тарафи баромадкунандагон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Ҷовид Қувватзода, “Навиди Ҳамадонӣ”

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай