Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ХОНАНДАГОН БАРОИ ДАРЁФТИ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ

       11 апрели соли равон дар муассисаи таълимии №14-и ноҳия бо иштироки муовини раиси ноҳия (сарпарасти соҳа) Ҳусния Исҳоқӣ, Хуршед Мирзозода Сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон озмуни хонандагон баҳри дарёфти квотаи президентӣ баргузор гардид. Дар озмун донишу маҳорати хонандагони муассисахои ҳудуди ноҳия барои дарёфти роҳхат ба даври ниҳоӣ санҷида шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва ҳавасманд гардонидани ҷавонон Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бобати дарёфти чеҳраҳои болаёқат имтиёзҳои заруриро фароҳам овардааст.

Маврид ба зикр аст, ки бештари иштирокчиёни озмуни имсоларо ҷавондухтарон ташкил медиҳад, ки барои рушду пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ ниҳоят хуб арзёбӣ мегардад.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай