Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

        2 апрели соли 2024 дар майдони ба номи Исмоили Сомонии маркази ноҳия бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай, кормандони МИҲД-и ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳукуқ, комиссари ҳарбии ноҳия, собиқадорони меҳнат, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, кормандони Ҷамоатҳои деҳот, меҳмонону волидайни даъватшавандаҳо, дўстону наздикони наваскарон, ҷанговарони башардўст хонандагону донишҷўён, сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии мустақар дар ноҳия ба муносибати «Рўзи даъватшаванда» чорабинии идона баргузор гардид.

Дар оғози чорабинии идона раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай баромад карда, ҳамаи ҳозирин ва наваскаронро ба «Рўзи даъватшаванда» табрику таҳният гуфта, қайд кард, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат барои ҳар як ҷавони бонангу номуси диёр қарзи шаҳрвандӣ ва мактаби ҷавонмардист. Ба ҳамаи шумо, наваскарон роҳи сафед, иқболи нек ва хизмати шоиста хоҳонам.

Баъдан, раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Шариф Раҳимов баромад намуда, хизмат дар сафи Артиши миллии кишварро мактаби мардонагӣ номида, ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро ба ин рўзи фаромўшнашаванда муборакбод гуфт. Ҳамчунин , як зумра падарону модарон ва ҷавонони навдаъватшаванда баромад карда, аз он изҳори хушнудӣ намуданд, ки Сарвари муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизмати сарбозон беҳтарин шароитҳоро муҳайё намудаанд.

Варзишгарони навраси мактаби варзишии ноҳия ва сарбозон дар назди иштирокчиёни чорабинии идона машќҳои варзишӣ ва ҳарбиро бо маҳорати баланд намоиш доданд.

Сипас маросими «Нонгазон» аз ҷониби занону бонувони ноҳия сурат гирифт ва духтарони маркази шаҳрак ба наваскарон рўймолча ҳадя намуданд. Қобили қайд аст, ки наваскарон ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ариза пешниҳод намуданд.

Дар фарҷом дастаи ҳунармандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов хотири иштирокчиёни чорабинии идонаро ба муносибати « Рўзи даъватшаванда» болида гардониданд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай