Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҶАШНИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗӢ ДАР НОҲИЯ

      Дар маркази маъмурии ноҳия ҷашни бошукӯҳи Наврӯз таҷлил гардид. Хурду бузург, пиру барно бо бар кардани либоси идона ба ҷашнгоҳ ҳозир гардида, шодию хурсандӣ менамуданд. Ҳар як ташкилоту муассиса, Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо дастовезҳои худ ба намоишгоҳ ҳозир гардида, дастранҷи худро пешкаши иштирокдорон намуданд. Раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай бо шахсони расмӣ аз намоишгоҳ дидан намуда, ба аҳли заҳмат, иштирокчиён варзишгарон ва аҳли ҷамоатчигӣ изҳорӣ миннатдори намуданд. Бояд гуфт, ки сокинони ноҳия дар тантанаи ҷашни Наврӯз дастархони идона густурда, тамоми сунатҳову анъанаҳои ҷашни Наврӯзро пешкаши иштирокчиен гардониданд.

        Воқеан, ҷашни Наврӯз таърихи куҳан ва рамзи дустию рафоқатро дошта бо омад- омади баҳор, он ба диёри хушманзари Тоҷикон файзу баракот ва шодию сурурро меорад. Баъди тамошои намоши дастархони идонаи Наврузӣ раиси ноҳия ва дигар шахсони расмӣ, майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Мавриди зикр аст, ки майдончаи мазкур бо тамоми лавозимот таъмин буда, он аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия сохта ба истифода дода шуд. Сипас раиси ноҳия ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” муҳтарам Комили Мирзоалӣ бо суханҳои табрикии худ ба дили иштирокчиён нерую тавоноӣ, иқболу умеди нав ва руҳияи ватандӯстию ватандорӣ бахшиданд. Барномаи фарҳангии ҷашни Наврӯз, ки аз тарафи аҳли ҳунари ноҳия омодагардида буд дар сатҳи хело хуб баргузор гардида, табъи ҳозиринро шод гардонид.

Ҷ.Қувватзода

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай