Дар саҳроҳои пахтазори ноҳия чиниши пахта рӯз то рӯз вусъат меёбад. Дина заркорони ҳимматбаланди ноҳия 159,8 тонна” тиллои сафед” ҷамъоварӣ намуданд, ки баробари 1,1 дарсади Дурнамо мебошад. Пахтаи аз аввали мавсим ҷамъоварӣ намудаи деҳқонони ноҳия 3128,4 тоннаро ташкил медиҳад, ки он баробари 22,5 фисади нақшаи солона мебошад.
Заркорони хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти Чубек, ба номи Турдиев ва Меҳнатобод ҳар рӯз пурмаҳсул кор карда, иҷрои нақшаи Дурнаморо аз 25 то 38,8 фисад иҷро намуданд. Пахтакорони х/д Ҷамоатҳои деҳоти Қаҳрамон, Панҷоб, Даштигулло дар пахтачинӣ аз дигар Ҷамоатҳои ноҳия қафо монда, иҷроиши нақшаро аз 6,5 то 20,5 таъмин намудаанд.
Ба хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоатҳои ноҳия зарӯр аст, ки суръати ҷамъоварии пахтаро вусъат дода, рӯзе аз 2 фисад зиёд пахта чинанд.