Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Озмуни ноҳиявӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

        Бо мақсади иҷрои  банди 39-и Нақшаи чорабиниҳои  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2023, №АП-321 оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд” озмуни ноҳиявии  беҳтарин хонаи истиқоматӣ, маҳалла, деҳа, деҳот  ва шаҳрак роҳандозӣ гардида, он то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол  дар ду марҳила гузаронида мешавад. Марҳилаи  якум  дар Ҷамоатҳои  шаҳраку деҳоти  ноҳия тибқи Низомномаи мазкур ҷамъбаст гардида, комиссияҳои  озмунии сатҳи  мақомоти  худидоракунии  шаҳрак ва деҳот натиҷаи озмунро  дар шакли  варақаҳои  арзёбӣ ба Комиссияи озмуни  ноҳиявӣ  пешниҳод менамоянд.Комиссияи озмуни ноҳиявӣ дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ натиҷаи баргузории озмунро  ҷамъбаст намуда,  ғолибони  озмунро  барои мукофотонидан ба дастгоҳи раиси ноҳия пешниҳод менамоянд. Аз ин лиҳоз, Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияро зарур аст, ки бо мақсади саривақт муайян намудани беҳтарин деҳа, маҳалла ва хонаи истиқоматӣ комиссияҳои озмунии  худро таъсис дода, баргузории озмунҳоро дар доираи талаботи Низомномаи тасдиқгардида ба роҳ монанд.

          Бо ин мақсад ва иҷрои  қарори раиси вилояти Хатлон аз 23.02.2023, №46 “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли  аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар вилояти Хатлон” аз 23 майи соли 2023, №509  қарори раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба тасвиб расонида,  Низомнома, ҳайати комиссия ва меъёрҳои муайян намудани ғолибони озмуни ноҳиявӣ оид ба муайян намудани  беҳтарин шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли  аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия тасдиқ гардид.

           Бояд қайд намуд, ки қарори мазкури раиси ноҳия ва Низомномаи он  барои иҷро ба иҷрокунандагон ирсол гардонида, вазифадор карда шуданд, ки “Озмуни вилоятии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли  аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар вилояти Хатлон”дар сатҳи баланди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маърифатї ташкил карда гузаронида шавад.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай