Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии кӯдакон

        Имрӯз дар Боғи фароғатию истироҳатии ноҳия ба муносибати Рӯзи байналмилалии кӯдакон бо иштироки роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Тағаймуродзода С. чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони МИҲД-и ноҳия, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, ҷамоатҳои деҳот иштирок карданд.

Нахуст, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар назди ҳозирин расмҳои кашидаи хешро нишон доданд, ҳамчунин онҳо дастовардҳои хешро манзури иштирокчиёни чорабинӣ намуданд.

Ҳаваскорони санъати мактаби мусиқии ноҳия бо рақсу таронаҳои дилошӯб хотири иштирокчиёни чорабиниро шод гардониданд.

Сипас ба ғолибони озмунҳои “Навраси соҳибистеъдоди беҳтарин”, “Дастони моҳир”, “Дӯзандаи беҳтарин”, “Ровии беҳтарин”, “Сарояндаи беҳтарин”, “Ихтироъкори беҳтарин”, “Қироати шеъри беҳтарин”, “Раққос (а)-и беҳтарин”, “Навозандаи беҳтарин”, “Барномасози беҳтарин”, “Чароғаки роҳнамо”, “Иншои беҳтарин”, “Забондон”, “Оташнишони беҳтарин”, “Гулпарвари беҳтарин”, “Хонандаи соли 2023”, “Донояк”, “Матолиби беҳтарин дар мавзӯи “Маърифати экологӣ”, “Хати зебо”, “Математикони наврас”, “ Луғатдони беҳтарин” туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо тақдим гардид.

Мудири бахши САҲШ-и ноҳия Нигина Баёнзода ба тарбиятгирандагони Кӯдакистони №5 –и Ҷамоати Чубек туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Чорабинӣ хеле хотир нишин ва фаромӯшнашаванда гузашт.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай