Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷавонон – созандагони ояндаи дурахшон

Имрӯз дар толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Н.А. чорабинии идона баргузор гардид.

      Нахуст, дар саҳни Филармонияи мардумӣ гуруҳи варзишгарони навраси Мактаби варзишии ноҳия (директораш Бахтиёр Саъдуллозода) дастовардҳои варзишии худро манзури ҳозирин намуда, якчанд машқҳои варзиширо бо маҳорати баланд иҷро намуданд.Дар ҳамоиши идона муовини аввал, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, муовинони соҳавӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, раисони Ҷамоатҳо, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия ва фаъолон ширкат доштанд.Мудири шуъбаи ҷавонон ва варзиши ноҳия Некрӯзи Хайруллозода бо маърӯза баромад намуд. Раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Н.А. ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, як гуруҳ пешқадамони истеҳсолотро бо Сипосномаву Ифтихорнома қадрдонӣ намуданд.Гуруҳи ҳунармандони Филармонияи мардумии ноҳия хотири иштирокдорони чорабиниро бо рақсу таронаҳои дилошӯби худ болида гардониданд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай