Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баррасии масъалаҳои муҳим ( аз ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия)

  22 майи соли 2023 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия таҳти Раёсати раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай сурат гирифт.

Дар ҷаласа муовини аввал, роҳбари дастгоҳ, муовинони соҳавӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, раисони Ҷамоатҳо иштирок доштанд.

Сараввал, масъалаи ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи май мавриди баррасӣ қарор гирифт ва раиси ноҳия масъулини соҳаро вазифадор сохт, ки бобати таъмини иҷрои нақшаи андоз чораандешӣ намоянд.

Масъалаҳои дигари ҷамъомад-таъмини оби полезӣ ба деҳқонон, тоза кардани канали оби ҷ/д Чубек, ҷамъоварии маблағҳои обрасонӣ; ҷамъоварию коркарди пилла; содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми 5-моҳи соли 2023 ҳаматарафа баррасӣ гардида, раиси ноҳия ба муовинони соҳавӣ, раёсати кишоварзӣ, обдеҳот, раисони Ҷамоатҳо ва дигар сохторҳо дастуру супориш доданд, ки барои иҷроиши корҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин, дигар масъалаҳо, аз қабили ҷамъбасти ҳисоботҳои омории соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва дигар самтҳо, тозагии кӯчаҳои шаҳрак, бозори марказии ноҳия; нест кардани сагҳои дайду дар шаҳрак, таъмини оби нӯшокӣ дар маркази шаҳрак, ҷамоатҳои ноҳия, баргузории чорабинии Рӯзи ҷавонон мавриди баррасӣи ҷиддӣ қарор гирифта, раиси ноҳия ба шахсони масъул ҷиҳати амалишавии корҳо дастуру тавсияҳои муфид доданд.

Доири масъалаи даъвати баҳории ҷавонон раиси ноҳия ба ҳамаи шахсони масъул, фаъолон супориши қатъӣ доданд, ки иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ то охири моҳ пурра таъмин карда шавад.

Дар охир раиси ноҳия ба ҳозирин муовини тозатаъини раиси ноҳия доири корҳои идеологӣ Давлатҷон Муҳиддиновро муаррифӣ намуд. Ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи назди раиси ноҳия ҳаматарафа баррасӣ гардиданд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай