Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҶОМЕАИ СОЛИМ АЗ ОИЛАИ СОЛИМ САРЧАШМА МЕГИРАД! – таҷлили бошукуҳи Рӯзи байналмилалии оила дар ноҳия

 

       15 май дар толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов бо иштироки роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Санифа Тағаймуродзода, занону бонувони барӯманд, оилаҳои намунавӣ, аз қишрҳои гуногуни ҷомеа, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар намояндагон дар фазои мутантани адабӣ-фарҳангӣ Рӯзи байналмилалии оила таҷлил гардид. Нахуст, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Санифа Тағаймуродзода ҳамагонро бо Рӯзи байнамилалии оила таҳният гуфта, ба ҳама сокинони шаҳр ва иштирокдорон рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва маҷмӯи хушиҳои умрро таманно намуд. Роҳбари дастгоҳ зимни суханронии хеш иброз дошт, ки оила ва суннатҳои оиладорӣ дар ойинҳои мардумии тоҷик ба фарҳанг ва маърифати миллати куҳанбунёдамон асос ёфтаасту ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардида, мақсад аз таҷлили ин ҷашн устуворӣ, баланд бардоштани арзишҳои оилавӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷудаи он мебошад. Зеро, беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оилаи солим ташаккул меёбад.

Дар баробари ин ироа гардид, ки мафҳуми оилаву хонадорӣ хусусан барои миллати тоҷик намунаи шоистаи суннатҳои баландро асос гузоштааст. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии худ таъкид намудаанд: «Давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад». Оила бақои давлату ҷамъият маҳсуб ёфта, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас аз он сарчашма мегирад.

Сипас, бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Санифа Тағаймуродзода ба навхонадорон, оилаҳои намунавӣ ва навзодон шаҳодатномаи ақди никоҳ, ба волидайни як қатор тифлакони навзод шаҳодатномаи таваллуд, ба як қатор оилаҳои барӯманди ноҳия, ки дар рушди соҳаи гуногуни ҷомеа саҳми арзандаи хешро гузошта, ҳамчун оилаҳои намунавӣ солиёни зиёд дар тарбияи насли шоистаи замон ва фарзандон муваффақанд туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро дар вазъи идона тақдим намуд.

Инчунин, дар ин рӯз аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии "Равонбахш" ба як қатор модароне фарзандони маъюбро дар тарбияи хеш доранд тӯҳфаҳоихотиравӣтақдим карда шуд. Ҳамчунин, зимни баргузории чорабинӣ, таҳти барномаи рангоранги фарҳангӣ, бо ҳар як аъзои оилаи барӯманд суҳбати озод барпо карда шуда, масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзи ҷомеа дар бунёди оилаи солим мубоҳисаҳо сурат гирифт.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай