Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТАҶЛИЛИ 78-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР НОҲИЯ

 

     7 майи соли равон дар назди ҳайкали "Модари гирён" ба ифтихори 78- солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  чорабинии идона бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай,намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муасисаҳо, собиқадорони  меҳнат ва дигар шахсони фаъол баргузор гардид.

Нахуст, аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулону кормандони касбу кори гуногун ба хотири поси хотири қаҳрамонони ҷангу меҳнат, афсарону сарбозон ва онҳое, ки ҷони хешро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор намуданд гулчанбар гузошта, лаҳзае хотираи шаҳидони Ватанро пос доштанд.

Чорабинии идона бахшида ба 78- солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо сухани муқаддимавӣ раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ифтитоҳ намуда, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кулли сокинонро ба ин санаи фархунда табрик намуда, иброз дошт, ки Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои насли ҷавони имрӯза ва ояндаи кишвар дарси матонату ҷавонмардӣ буда, то абад гиромӣ дошта мешавад. Зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад. Номи нек ва корнамоиҳои онҳо дар сафҳаи таърих бо хатҳои заррин сабт гардида, ҳеҷ гоҳ хизматҳои онҳо фаромӯш намешаванд.

Зикр гардид, ки гиромӣ доштани хотираи таърихӣ аз Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар ин росто ҳимояи манфиатҳои ҷомеа, ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кардани сулҳу субот, оромиву осудагӣ ва амнияти давлат ин қарзи имониву виҷдонии ҳар яки мо мебошад. Аз ин лиҳоз месазад, ки наслҳои имрӯзаро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, ободкориву созандагӣ ва сулҳпарварию башардӯстӣ тарбия намоем.

Дар ин рӯз ба як қатор собиқадорони меҳнат ва дигар шахсони фаъол сипоснома, ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим гардид.

Дар қисмати охири чорабинӣ барномаи театрикунонидашудаи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пешкаши меҳмонон гардонида шуд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай