Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баррасии масъалаҳои муҳим дар маҷлиси назоратӣ

      1 майи соли ҷорӣ маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай, муовини аввал, роҳбари дастгоҳ, муовинони соҳавӣ, мудирони бахшу шуъбаҳои МИҲД-и ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, раисони Ҷамоатҳо ва фаъолон баргузор гардид. Нахуст, раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Н.А. аз иҷрои дастуру вазифаҳои дар ҷамъомади гузашта супоридашуда пурсон шуд. Баъдан, масъалаи ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи апрел мавриди баррасӣ қарор гирифт ва роҳбари ноҳия ба масъулини соҳа дастуру тавсия доданд, ки нақшаи иҷрои маблағҳои андоз пурра таъмин карда шавад.

Доири масъалаҳои омода намудани заминҳо барои киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба тозаю озода намудани хатсайри ташрифи раиси вилояти Хатлон, кишти заминҳои канори шоҳроҳи ноҳия раиси ноҳия сахт таъкид намуданд, ки ин масъалаҳо дар муҳлати кӯтоҳтарин ба сомон расонида шаванд.

Масъалаҳои дигари ҷаласа- омода намудани иншоотҳои ҷашнӣ: омода намудани ҳисоботи раиси ноҳия дар назди Роҳбари давлат; пешниҳоди ҳисоботҳои оморӣ дар муҳлати муайяншуда; кишти заминҳои холимонда , нигоҳубини кирмаки пилла; тоза кардани партовҳо аз кӯчаҳо ва назди биноҳои ташкилоту муассисаҳо дар ш. Москва; омода намудани намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара рӯзи 25 апрел ҳам ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ шуда, ҷиҳати иҷроиши корҳо раиси ноҳия ба ҳамаи масъулин дастуру тавсияҳо доданд, ки баҳри амалишавии масъалаҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин, масъалаҳои ташкили навбатдории шабонарӯзӣ дар дастгоҳи раиси ноҳия дар рӯзҳои сафари кории Пешвои муаззами миллат ба вилояти Хатлон; ба тартиб овардани гирду атрофи Бозори марказӣ, ҷорӣ намудани тартиби ҳаракати нақлиётҳо дар назди Бозорӣ марказӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, раиси ноҳия шахсони масъулро вазифадор намуданд, ки бобати иҷрои корҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Наздики як моҳ боз даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ идома дорад, то ҳануз ноҳия иҷрои нақшаи даъватро ҳатто нисф накардааст, барои ҳамин раиси ноҳия ба ҳамаи шахсони масъул, гуруҳҳои корӣ ва фаъолон дастуру супориш доданд, ки баҳри таъмини иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ чораандешӣ намоянд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай