Имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳия Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
1.Ахбороти комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба натиҷаи интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар ҳавзаи интихоботии №4 ба ивази вакили хориҷшуда.
2.Ҳисоботи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар соли 2022.
3.Дар бораи иҷрои буҷети ноҳия дар соли 2021 ва тасдиқи буҷети ноҳия барои соли 2023.
4.Дар бораи тасдиқи нақшаи кори Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои соли 2023.
5.Дар бораи даровардани тағйирот ба ҳайати комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо коррупсия ва зидди маводи нашъаовар.
6.Тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ