Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия

     Рӯзи душанбеи 26 декабр ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия баргузор шуд ва он таҳти раёсати муовини аввалӣ раиси ноҳия муҳтарам Маҳдӣ Орифзода сурат гирифт. Дар ҷамъомад масъалаҳои умдатарини рӯз мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Сараввал, масъалаи муҳими рӯз -иҷрои нақшаи солонаи андозҳо аз рӯйи ҳамаи андозҳо баррасӣ шуд ва М. Орифзода ба Ҳукуматов Р, Расулзода Қ. супориш доданд, ки дар рӯзҳои наздиктарин нақшаи солонаи андозҳо пурра иҷро карда шавад.

Доири рафти корҳои саҳроӣ дар самти кишоварзӣ- тозакунии заминҳо аз ғӯзапоя; бастани шартномаҳо бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати хизматрасонии оби полезӣ; таҳияву ба тасвиб расонидани Қарорҳо оиди санади қабули иншоотҳои ҷашнии то охири моҳи декабр мавриди истифодабарӣ қарор дода мешудагӣ; пешниҳоди маълумотҳои омории аниқи соҳаҳои кишоварзию саноатӣ муовини аввали раиси ноҳия Маҳдӣ Орифзода ба Раёсати кишоварзӣ, шуъбаи меъморӣ, омор таъкид намуданд, ки ҷиҳати иҷроиши корҳо назорати ҷиддӣ баранд.

Масъалаҳои дигари ҷаласа- пешниҳоди маълумотҳои зарурӣ барои ҳисоботи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2022; иҷроиши пурраи дастуру супоришҳои додашуда вобаста ба қабули намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон дар хатсайри муайянгардида; омода намудани ҷойҳои дарахтшинонӣ дар даромадгоҳи ноҳия; таҳия ва пешниҳоди ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҷамъбасти соли 2022 дар ҷамоатҳо ва АИО; ташкил ва баргузор намудани барномаи фарҳангии таҷлили Соли нави мелодӣ аз рӯйи нақшаи тасдиқгардида; омодагии ҷиддӣ ҷиҳати баргузории Иҷлосияи 14-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва таъмини иштирокчиёни иҷлосия аз рӯйи теъдод ва вақти муайянгардида низ ҳаматарафа баррасӣ гардида, Маҳдӣ Орифзода ба масъулини соҳаҳо, муовинони соҳавӣ, роҳбарони гуруҳҳои корӣ, хоҷагии ҷангал, Муассисаи нигоҳдории роҳҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, бахши фарҳанг, маориф, мудирони шуъбаю бахшҳои дахлдор, раисони Ҷамоатҳо баҳри амалишавии корҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 

Ҳамчунин, масъалаҳои дигари ҷаласа- ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба курсҳои омӯзиши касби ронандагӣ; иҷрои пурраи нақшаи обунашавӣ ба рӯзномаю маҷаллаҳо барои соли оянда мавриди баррасӣ қарор гирифта, муҳтарам М. Орифзода ба масъулини соҳаҳо Бодомзода С., Комиссариати ҳарбӣ, муассисаи алоқаи почта , роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳо супоришҳои мушаххас доданд, ки ҷиҳати иҷроиши корҳо чораҳои қатъӣ андешанд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай