Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Барандагони ҷоизаи “Пешвои миллат” аз ноҳия

Аз 15 то 17 –уми декабри соли равон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бозии шашка  барои дарёфти мукофоти “Пешвои миллат” миёни солҳои то 14-сола, 15-30-сола ва аз 31-сола боло баргузор гардид, ки дар он 6 нафар варзишгарони ноҳия ширкат карданд. Дар ин мусобиқа  - дастпарвари муассисаи варзишии ноҳия Кабиров Дўстмурод миёни аз 15 то 30-сола ба гирифтани ҷойи якум ва ҷоиза ба маблағи 2000 сомонӣ, Шукронаи Баҳодур-донишҷӯи муассисаи ғайридавлатии Коллеҷи тиббии ноҳия миёни духтарони то 30 сола ба гирифтани ҷойи дуюм ва ҷоиза ба маблағи 1,5 ҳазор сомонӣ ва Раҳимов Иброҳим миёни то 14-солаҳо ба гирифтани ҷойи дуюм ва ҷоиза ба маблағи 1,5 ҳазор сомонӣ  мушарраф гардиданд.

Боиси ифтихор аст, ки дар ин мусобиқаи бонуфуз дастпарвари муассисаи варзишии ноҳия Олимҷони Баҳодур,  ки айни ҳол донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмумин Раҳимов мебошад,дар дастаи Душанбе-1 баромад карда, бо касб намудани ҷойи сеюм сазовори ҷоизаи “Пешвои миллат” ба маблағи 1000 сомонӣ гардид.

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай