Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия машварати кории назди раиси ноҳия доир гардид, ки кори онро муовини аввали раиси ноҳия Маҳдӣ Орифзода пеш бурд. Дар машварати корӣ муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд.
Дар машварати кории назди муовини аввали раиси ноҳия аз масъулин нисбати вазъи соҳаи кишоварзӣ, иқтисоду саноат ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи иҷтимоиёт, ки аз талаботи супориши протоколии ҳафтаи гузаштаи раиси ноҳия бармеоянд, пурсиш гузаронида шуд.
Муовини аввали раиси ноҳия дар навбати аввал аз масъули соҳа оид ба ҳолати иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз ва воридшавии маблағ ба буҷети ноҳия пурсиш ба амал оварда, баҳри иҷрои нақшаи андоз ва кам кардани бақияпулиҳои андоз дастуру супоришҳо дода шуд.
Дар рафти машварати корӣ масъалаҳои ҷамъбасти нақшаи супоридани ҳосили пахта, назорат ба тақсими таркиби кишти тирамоҳӣ ва баҳорӣ, ба роҳ мондани семинарҳои дастурдиҳӣ оид ба кишти тирамоҳҳии ғалладонагиҳо, кишти тирамоҳӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, пешниҳод намудани маълумот оид ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба солҳои рушди саноат -2021-2026, корбарӣ нисбати коргоҳу корхонаҳо ва ҳолати бақайдгирӣ дар омор ва андоз, таъмини иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардида, дар таъмини иҷроиши онҳо аз ҷониби раиси ноҳия дастур гирифтанд.
Ҳамчунин, дар давоми баррасии масъалаҳои дар боло зикргардида, муовини якуми раиси ноҳия ба корбарӣ нисбати коргоҳу корхонаҳои фаъолиятдоштае, ки то имрӯз аз қайди омор ва ё андоз гузаронида нашудаанд, омода намудани иншоотҳои ҷашнӣ ба истиқболи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар моҳи октябри соли 2022, омода намудани бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ноҳия бахшида ба Рӯзи Конститутсия ва ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳолати иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ ва обуна эродҳо гирифта шуда, масъулин ва дигар иҷрокунандагон барои ҷоннок ва пурзӯр намудани корҳо дар ин самт вазифадор карда шуданд.


