Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси ноҳия имрӯз 15-уми сентябри соли 2022 дар Ҷамоати деҳоти Даштигуло гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки ба ҳайати он намояндагони бахшу шуъбаҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони ВКД дар вилояти Хатлон, ШВКД ҶТ-и дар ноҳия шомил буданд, таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия Исҳоқӣ Ҳ. бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии деҳот вохӯрӣ доир намуд. Вохӯриро муовини раиси ноҳия Исҳоқӣ Ҳ. ифтитоҳ бахшида, аҳли толорро бо намояндагони гурӯҳи корӣ ва ҳадафи баргузории вохўрии мазкур шинос намуд. Дар вохӯрӣ муовини Сардори ШВКД ҶТ дар ноҳия подполковники милитсия Юсупов З.А., Сардори ШҲ ТҶ ҚМ РВКД, майори милитсия Қурбонзода С., нозири минтақавии ШВКД ҶТ дар ноҳия Нурализода Ш., раиси Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Кӯлоб Шамсзода З. баромад карда, ҷиҳати ҷилавгирӣ намудан аз хатари терроризму экстремизм, шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои хусусияти ифротидошта, маҳкум намудани ғояҳои иртиҷоӣ ва зарари он ба ба амнияти давлат, иғвоандозӣ, бегонапарастӣ, хушунат ва зӯроварӣ дар оила ва ба ин васила дар ниҳоди ҷавонон парваридани ташаккули таҳаммулпазирии мазҳабӣ ва миллӣ, ватанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарзи ҳаёти солим бо овардани далелу мисолҳои мушаххас ибрози андеша намуданд.
Иштироккунандагони вохӯрӣ ба суолҳои худ аз ҳайати гурӯҳи корӣ посух гирифтанд.
Дар вохӯри раиси Ҷамоат Ҳабибулло Исматов ба сухан баромада, қайд намуд, ки аҳолии Ҷамоат аз сиёсати хирадмандонаву башардӯстона, бунёдкоронаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, дар амалигардонӣ ва татбиқи барномаҳои миллии давлатӣ саҳмгузорӣ менамоянд. Ҳамчунин, сокинони деҳот кушиш ба харҷ равона месозанд, ки ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанхоҳӣ тарбия ёфта, ба халқу Ватан содиқу ҷонфидо мемонанд.
Вохӯриро муовини раиси ноҳия Исҳоқӣ Ҳ. ҷамъбаст намуда, аз фаъолону аҳли ҷамоатчигии Ҷамоати деҳоти Даштигуло ҷиҳати амалисозии Амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷашн гирифтани 30-солагии Иҷлосияи таърихии ХV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ба ин васила идома додани корҳои тарғибу ташвиқ, инъикоси ифтихори истиқлоли ватандорӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ таъкидҳо ба амал оварданд.



