Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МАҲФИЛИ “ТОҶИКОНХОНӢ”

         Имрӯз дар толори хониши филиал – китобхонаи “Махзани дониш”  шаҳраки Москва дар доираи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  омодагӣ ба озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат”  бо иштироки толибилмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 (директораш Файзалӣ Сафаров), ки бештари онҳо аъзоёни доимии китобхона маҳсуб меёбанд,  чорабинӣ- маҳфили “тоҷиконхонӣ” доир гардид.

Дар чорабинӣ  котиби Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Илёсиддин Набиев  дар мавзӯи “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” ва раиси Шӯрои собиқадорони ноҳия Шариф Раҳимов дар бораи “Тоҷикон”-шоҳасаре созандаи ҳувияти миллӣ” баромад карданд.

       Мақсад аз баргузорӣ ва баромадҳои нотиқон ин огаҳӣ намудани ҷавонону наврасон аз таърихи халқамон ва ба ин васила  тарбияи худшиносиии ҷавонону наврасон мебошад.

       Дар чорабинӣ хонандагон  Фархунда Рафиева, Ганҷина Неъматова, Бобоев Шаҳриёр, Сайфуллоева Мунира, Маҳмадаминов Бобоҷон, Шаҳнозаи Рустам, Қодиров Саидшоҳ ва дигарон аз бобҳои алоҳидаи асари безаволи Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” нақл карда, аз иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташкил кардан ва ба роҳ мондани  озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат”  изҳори қаноатмандӣ ва хушҳолӣ намуданд.

Баргузории  чорабинии мазкур дар баланд бардоштани сатҳи дониш, худшиносӣ ва худогоҳии насли наврасу ҷавонон нақши муассир гузошта мегузорад.  

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай