Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ВОХЎРИИ КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ АГЕНТИИ КОРРУПСИЯ

         Имрӯз 14 сенятбр дар  асоси нақшаи кории шуъбаи Агентии  назорати давлатии молиявӣ ва мубориза  бо коррупсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳру навоҳии  минтақаи Кӯлоб оид ба амалишавии  Стратегияи  муқовимат  бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2022-2030 вохўрии намояндагони  он зери роҳбарии  сардори бахши  муқовимат бо коррупсияи  шуъбаи Агенти назорати давлатии молиявӣ  ва мубориза бо коррупсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоии минтақаи  Кўлоб Подполковники адлия Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализод ва нозири ҳамин  шуъба лейтинанти хадамоти зидди коррупсионӣ Раҳимзода Абдураҳим Ҷамшед  бо фаъолон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои  ноҳия баргузор гардид.

        Саравал роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия  муҳтарам Тағаймуродзода Санифа ба сухан баромада, оид ба сиёсати  пешгирифтаи роҳбарияти  олии мамлакат  дар самти  пешгирии муқовимат бо коррупсия   ибрози андеша намуданд.

       Сипас сардори бахши  муқовимат бо коррупсияи  шуъбаи Агентии назорати даввлати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳру ноҳияҳои  минтақаи Кўлоб  подполковник  Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализода   оид ба рафти амалишавии “Стратегияи   муқовимат бо коррупсия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2022-2030” маълумот дод. Зимнан баён гардид, ки коррупсия  низ дар баробари  чандин зуҳуроти  номатлуби  доғдоркунандаи  ҷомеа   ба ҳисоб рафта, паҳн гардидани  он ва пешгирӣ накардани ин раванд метавонад дилхоҳ миллату  давлатро ба нестӣ оварда расонад. Бо ин мақсад  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои  аввали соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои   миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар самти мубориза бо коррупсия  ҳадафҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ  намуданд.

         Қабули Стратегияи муқовимат бо коррупсия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2030 яке аз онҳост, ки метавонад   дар решакан намудани  ин падидаи номатлуб заминаи мусоид гузорад. Дар он сурате, ки амалишавии он  аз тарафи масъулони ташкилоту муассисаҳо  ба таври зарурї роҳандозӣ гардида бошад.

       Ҳамчунин мавсуф таъкид намуданд, ки бо вуҷуди  бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳанўз ҳам  ҳолатҳои  даст задани бархе аз кормандони  давлатӣ бо коррупсия  ба мушоҳида  мерасад. Санҷишҳои коррупсионӣ нишон медиҳад, ки ҳоло низ дар баъзан ташкилоту  муассисаҳои хешутаборбозӣ  изофанависӣ ва дигар амалҳои хилофи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи коррупсия”  ба мушоҳида мерасад. Доир ба ин мавзу пешниҳодӣ  Агенти молиявии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳми иштирокдорон расонида шуд.

Дар охир аз фаъолон  ва иштирокчиён вохўрӣ даъват ба амал бароварда шуд, ки баҳри бартараф намудани нуқсону камбудиҳое, ки зикр шудаанд     чораҳои саривақтиро андешанд.

        Дар анҷоми  вохӯрӣ  иштирокдорон ба намояндагони  шуъбаи Агенти   назорати давлати молиявӣ  ва мубориза бо коррупсия доир ба масъалаҳои  болозикр савол дода   ҷавобҳои мушаххас  гирифтанд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай