Дар ноҳия рўз то рўз ҷамъоварии “тиллои сафед” вусъати тоза меёбад. Дар пахтазорҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ рўзе 2700-2800 чинакчӣ ба пахтачинӣ машғул буда , чобукдастони пешқадам то 85-90 килоӣ пахта мечинанд. Рўзи гузашта дар ноҳия дар як рўз ба қадри 123,94 тонна, ё ба андозаи 0,9 садяк, аз аввали мавсим 4338,5 тонна тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 31,6 фоизи дурнамо мебошад, ки ин вобаста ба имкониятҳои мавҷуда кам аст. Кишоварзони х/д ҷамоатҳои деҳоти Қаҳрамон, Даштигуло ва ба номи Турдиев суръати пахтачиниро суст карда, дирўз ба қадри 0,3-0,7 фоизӣ пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ташвишовар аст. Рўзи гузашта пахтакорони ҷ-д Панҷоб аз ҳама хуб меҳнат карда, ба андозаи 2,7 фоиз пахта чиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ