Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - СУЛҲОВАР

             Миллате, ки дар давоми мавҷудияти худ борҳо қабри таърихро дидааст, вале ба ҳамааш тоб оварда, мардонавор  онро паси сар намуда, бо ғурури баланди кўҳистониёнаи худ боз қомати худро рост карда, зиндагии шоистаашро идома додааст. Миллате, ки чун мурғи самандар ба оташ афкандандаш, аммо  дар оташ насўхта, беосеб аз он гузашта, бо ҳамон болу пари қавиаш боз баландтару баландтар парвозӣ шудааст. Ин миллати ғайратманд дар тамоми давру замонҳо ризқи худро аз меҳнати ҳалол, шуњраташро аз фарҳанги волояш ва ҷасораташро аз кўҳҳои сарбаланди мулки худододи худ ба каф овардааст ва ҳеҷ ваќт мўҳтоҷи касе ва чизе нашудаасту сар пеши нокасе хам накардааст. Таърихи башарият боре ҳам ёд надорад, ки ин миллати оромтабиату эъҷодкору шеърофар пайи молу сарват шуда, бар зидди касе теғ боло карда бошад. Ин миллати соҳибѓурур аз ҷабри таърих хоби бофароғату оромро  фаромўш сохт. Ва  пайи мулку дороӣ нагаштааст.  Ба гуфти Шоири халқии Тоҷикистон, устод Алимуҳаммад Муродӣ:

       Нагў, ки хоби ғафлат дорад ин қавм,

      Чӣ фикри мулку давлат  дорад ин қавм?

       Ба худ бегонаву бо душманаш дўст,

       Ба таърихаш хиёнат дорад ин қавм.

       Нагў, озодагӣ аз ёди ў рафт,

       Фақат фикри итоат дорад ин қавм…

       Бигў, ин ќавм ќавми сарбадор аст,

       Далериву шуҷоат дорад ин қавм.

    Аммо ҳамеша ва дар ҳама вақт душманони дохилию хориҷии он аз ҳасад пайт меҷўстанд, то зарбаи ҷонкоҳе ба тани поку беолоиши ў бизананд. Аммо ба гуфти устод Бозор Собир ин миллат «умре мурда-мурда зиндагӣ карду намурд». Ва аз чакраҳои хуни аз зери зарбаи теғи ҷонситони душманону бадбинон ба замин рехта, аз нав нумўъ кард, реша давонд, муғча бароварду сабз шуду боз сараш ба радифи кўҳҳои сарбаланд баробар шуд. Ба гуфти олими рус Н.Павлов «… барои  тоҷикон як муддати  кўтоҳи  оромӣ кифоя аст, ки боз  аз нав қомати худро баланд ва зиндагонии пешинаи худро барқарор созанд». Ана ҳамон як муддати кўтоҳи оромӣ акнун ба каф меомад, барои ин миллати сулҳдўсуту ваҳдатофар. Баъди зиёда аз ҳазор сол ин миллат бо ҷаҳду талошҳои ҷигархуни фарзандони ҷасуру шуҷояш соҳиби давлати худ гардид. Аммо ин ташаккулёбии давлати навин барои миллати тоҷик басе гарону сангин афтод. Мамлакат  аз дасти фарзандони нохалафи мансабхоҳаш ва хўҷаинони бурунмарзии худ ба ҷанги таҳмилӣ кашида шуд. Ватани мардони озодихоҳ ба майдони муборизаҳои яроқнок табдил ёфт.  Дар ин роҳи ҳақиқату саодат садҳо ҷавонони равшанфикри  ватандўст ва ташнаи озодӣ ҷон нисор кардаанд. Аммо сад бор шукр аз Яздони пок, ки бахт ба сари ин миллат хандид. Ба саргаҳи ин бахте, ки ҳамеша ташнаи озодию оромї ва сулҳ буд, фарзанди фарзонаи миллат, ҷавонмарде аз табори ориёиҳои бузурги сулҳпарвару фарҳангофар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омад. Ў бо ҷасоратнокие, ки танҳо ба фарзандони ҷасуру бебоки зодагони кўҳҳои баланд хос аст, бо сари баланд ба мардуми дар чорроҳаи таърих лол гаштаю дил аз зиндагии орому осуда монда, бо сари баланд, бо боварии том «Ман ба шумо сулҳ меоварам» гуфт. Ана ҳамон гуфти олими рус, ки «як муддати кўтоњи оромї кифоя аст, ки ин миллат аз сари нав эҳё гардад» даррасид. Ин ҷавонмард овард сулҳи деринтизори ваъдакардаашро ба мамлакати аз кашмокашҳои мансабталошон ба њаддї нестї расидаро. Акнун мардуми ғайратманди ин кишвари орому озод пайи амалӣ гардондани ҳар як гуфтаи Сарвари сулҳофари худ мешуданд. Дар як муддати кўтоҳ Тоҷикистони соҳибистиқлол ба майдони  корнамоиҳои бузурги меҳнатӣ табдил ёфт. Мардуми мамлакат шукр аз оромию истиқлолият намуда, ба ободкорию созандагӣ камари ҳиммат бастанд. Дар мамлакат дар як муддати на чандон тўлонӣ иншоотҳое арзи вуҷуд намуданд, ки  назирашро таърих ёд надорад. Дар як муддати кўтоҳ Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамчун мамлакати сулҳофар садҳо мамолики дунё ба расмият шинохт. Дар тамоми гўшаю канори мамлакат садои набзи  ободгардонию бунёдкорӣ ба гўш мерасид. Ҳис карда мешуд, ки Истиқлолият дар радифи дигар соҳаҳо ба бунёдкориву созандагӣ роҳи васеъ кушод. Садҳо ҷавонони  саховатпешаю дасткушод ва эҳсонкор бо даъвати Асосгузори сулҳу вањдати миллӣ, Пешвои миллат- Президентии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ободу сарсабз гардондани ҳар як гўшаи Ватани ҳамешабаҳорамон  ҳамовоз шуда, бо ғайрату матонати дучанд ба кор оғоз намуданд.

    Ин иқдомҳои созандаю ободгардонандаи Пешвои муаззами миллатро дар ноҳияи басе зебою дилрабудамон   сари ҳар қадам баръало дидан мумкин аст.  Акнун мардуми Ватани мо зери парчами истиқлолият оромонаю саодатмандона кору зиндагӣ мекунанд ва гуфтаҳои устод Алимуҳаммад Муродӣ  амалан  исботи худро ёфтанд, ки гуфтааст:

                   Азоби саг кашид аз ҷабри таърих,

                   Ҳаққи роҳат, саодат дорад ин қавм.

      Ва имрўз мардуми шарафманди ин мамлакати куҳанбунёди мо бо Истиқлолияти ба даст овардаи Сарвари сулҳпарвару ободкори худ, мунодии сулҳу оромӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат ҳам саодатмандона зиндагӣ карда истодаанд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай