Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Боздид аз фаъолияти марказҳо

             Имрӯз тибқи нақшаи корӣ муовини  раиси ноҳия муҳтарам Ҳусния Исҳоқӣ ҷиҳати  боздид аз фаъолияти Марказҳои  назди БМН ва КАТС  дидан намуданд. Мутассифона бо вуҷуди таъкидҳо дар маҷлиси панҷдақиқаинаи муовини саҳавӣ  ба  роҳбарияти Беморхона ва КАТС ҳамоно зимни санҷиш ягон нафар шахсони мутасаддӣ  муовини раиси ноҳияро ҳамроҳӣ накарданд.  Мақсад аз санҷиши Марказҳо баррасии фаъолияти онҳо, вазъи когузорӣ, ҳолати обунашавӣ ба рўзномаи ноҳиявӣ ва фаъолияти Комиссияҳои танзими анъана ва ҷашну  маросимҳо ба ҳисоб рафта, корҳои иҷрошуда дар ин самт натиҷагирӣ карда шуданд. Ҳангоми  боздид аз фаъолияти Маркази ВНМО (директораш С.Иномов) муайян карда шуд, ки дар Марказ 14 нафар  мутахассисон кору фаъолият намуда, баҳри  пешгирии бемории  сироятии норасоии масунияти одам  (ВНМО) дар ноҳия як қатор корҳои амалиро ба анљом расониданд. Бино ба  иттилои директори Марказ дар давоми 6 моҳи соли равон шумораи беморони мубталои ВНМО нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 нафар зиёд гардидааст, ки он боиси нигаронӣ буда аз камтаваҷҷуҳии масъулин дарак медиҳад. Муовини раиси ноњия баъди таҳлилҳои намудаи фаъолияти Марказ барои пешгирӣ ва коњиш додани гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба кормандони сохтор дастуру тавсияҳои судманд дода, ҳамзамон таъкид ба амал оварданд, ки дар ин самт  баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо, таблиғоту ташвиқот  миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ,  аз ҷумла мактаббачагон, муҳоҷирони меҳнатӣ   боз ҳам пурзўр карда шавад.

          Дар Маркази мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ (директораш С.Ғафуров) бошад, 11 нафар  мутахассисон дар самти пешгирӣ аз  ҳолатҳои  пайдошавии бемориҳои сироятӣ кору фаъолият менамоянд.  Ҳангоми  дидан намудан  аз утоқҳои кории Марказ вазъи санитарию эпидемологии таҷҳизотҳои онҳо ба талабот ҷавобгў набуда, ҳолатҳои ғайри санитарӣ  ба назар мерасад. Бояд қайд кард, ки гирду атрофи биноҳои марказ, ҳолати корҳои ободонӣ, гулшинонӣ умуман ба талабот ҷавобгу намебошад.  Инчунин, дар фаъолияти Марказ ва мутахассисони он низ як қатор камбудию норасогиҳо ошкор гардиданд, ки   баҳри бартараф намудани  онҳо дар муҳлати муайяншуда аз ҷониби муовини раиси ноҳия муҳтарам Ҳ.Исҳоқӣ ба масъулин супоришҳои қатъӣ дода шуд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай