Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷамъомади назоратии назди раис

         Дар ҷамъомади   баргузоргардидаи  назоратии назди раис дар таърихи  12 сентябр басе масъалаҳои  мубрами рўз мавриди баррасӣ  қарор  дода шуданд. Раиси ноҳия, узви Маҷлиси   Миллии Маҷлиси Олии  мамлакат муҳтарам. Бозоралӣ  Одиназода ҳини баррасии масъалаҳои  муҳимми рўз- ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи  сентябр, кам  кардани   бақияпулиҳои андоз дар  нуҳмоҳа, рафти ҷамъоварии  ҳосили пахта, супоридани ҳосили пахта  ба корхонаҳо, таъсиси гуруҳҳои корӣ  оиди муайян намудани миқдори пахтаҳои дар хонаҳо буда, кишти барвақтии пиёз, омода намудани тухмии гандум барои кишти тирамоҳӣ  ва ҳамзамон омода намудани  заминҳои барои кишти гандум муайяншуда аз ҳамаи нафарони масъул –М. Орифзода, Ҳукматов Р, Расулзода Қ., Рафиев Т, раисони Ҷамоатҳо  сахт талаб намуд, ки  дар ҳалли масъалаҳои номбурда назоратро пурзўр  намуда, чораҳои зарурӣ  андешанд.

    Оиди масъалаҳои дигар - фаъолияти  корхонаҳои саноатӣ  дар самти истеҳсоли маҳсулот ва пешниҳоди маълумотҳо;  рафти омодакунии иншоотҳои  ҷашнии дар моҳи  сентябр мавриди  истифода қароргиранда; пешниҳоди ҳисоботи фаъолияти  нуҳмоҳа аз рўйи  иҷрои   Барномаҳои  давлатӣ ва нақшаҳои кории тасдиқгардида; омода намудани масъалаҳои иҷлосияи сенздаҳуми маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз тарафи гуруҳҳои корӣ, рафти касбомўзии ҷавонони синни даъватӣ дар курсҳои ташкилгардидаи назди ТҶММ-и  ноҳия; иҷрои нақшаи  обуна ба рўзномаву маҷаллаҳои  ҳизбӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ низ раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода аз шахсони масъул  пурсиши ҷиддӣ ба амал оварда , баҳри амалишавии  масъалаҳо  ба ҳама маслиҳату тавсияҳои  судманд доданд ва талаб карданд, ки аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳар як супориши додашуда, кори ба зимма бударо  сари вақт бо пешниҳоди маълумотнома иҷро намоянд. 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай