Имрӯз дар маркази ноҳия – шаҳраки Москва бахшида ба Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чорабинии идонаи тантанавӣ доир гардид. Саҳн ва майдони назди Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов бо шиору овезаҳои ҷашнӣ, муқаддасоти миллӣ ва парчамҳои ороишӣ оро ёфта, намуди идона ба бар намуд. Ин ҳама васфкунандаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ба ҳусни шаҳрак ҳусни тоза зам намудааст. Дар майдони баргузории ҷашни Истиқлол аҳли ҷамоатчигии ноҳия, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва умумӣ, ташкилоту муассисаҳо ва дигар табақаҳои аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷамъ омада буданд. Симову чеҳраҳояшон хушҳол буда, аз сулҳу ваҳдати кишвар, осмони софи он ва Истиқлоли ба дастомада меболиданду шукргузорӣ доштанд.
Қабл аз оғози қисми асосии тантанаи Истиқлол сараввал меҳмонон аз намоиши дастовардҳои мардуми ноҳия – кишоварзон, зиёиёну фарҳангиён, инчунин, маҳсули дастони ҳунармандон, аз қабили либосҳои миллӣ, армуғони сайёҳӣ, бофандагӣ, қуроқдӯзӣ, кашидадӯзӣ, рассомӣ дар рӯйи матоъи бонувони чирадаст, кандакорӣ ва дигар намуди ҳунарҳои милливу дастархонҳои бо хӯрокҳои миллӣ ороёфтаи кадбонуҳо, ки дар намоишгоҳ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, дидан намуда, ба заҳмати мардуми шарафманду меҳнатии ноҳия баҳои баланд доданд. Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳанд, ки Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи башардӯстона ва маорифпарваронаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардум барои эҳё намудани фарҳанги бостонии худ, рушд ёфтани беҳтарин суннату оинҳои миллӣ , маориф ва фарҳанг имконияту шароитҳои мусоидро фароҳам овард.
Сипас, дар қисмати тантанавии чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлол раиси ноҳия, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат суханронӣ намуда, ҳамаи иштироккунандагон, меҳмонон ва сокинони ноҳияро бахшида ба ин ҷашни пуршукуҳ шодбош гуфт. Зимни суханронї раиси ноҳия аз сулҳу ваҳдат ва истиқлоли давлатӣ ҳарф зада, ҳамзамон дар бораи нақши боризи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аз вартаи нестшавӣ наҷот дода, мардумро атрофи худ муттаҳид ва ба қалби онҳо шӯълаи умедро бедор сохт.Мардумро бо қадамҳои устувор ва қатъии худ ба сулҳу осоиш, рушду суботи ояндаи дурахшони кишвар ҳидоят намуд.
Инчунин, дар чорабинии тантанавию фарҳангӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Мирзоалӣ Комил Ҷумахон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Ҳамадонӣ-35” Ҳаёт Одинаев, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сайдализода Ҷўрахон ба сухан баромада, мардуми сарбаланди ноҳияро ба ифтихори Љашни бузурги миллӣ- Рӯзи Истиқлоли давлатӣ табрику муборакбод намуданд. Дар ҳамоиш ба собиқадорони меҳнат, фаъолони ноҳия кӯмакҳои моддӣ ва сипосномаи раиси ноҳия супорида шуд. Дар рафти чорабинии тантанавӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мукофотонидани сардори идораи роҳу нақлиёти ноҳия Ализода Ҷамшед барои саҳми арзанда гузоштанашон дар корҳои ободонииву бунёдкории ноҳия бо медали Хизмати шоиста қироат шуда, мукофот дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Мирзоалӣ Комил Ҷумахон ба мавсуф тақдим гардид.
Дар охири тантанаи идонаи Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия барномаи рангину пурмӯҳтавои театрикунонидашудаи аҳли ҳунари Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов пешкаши иштирокчиён гардид. Барномаи мазкур саросар васфкунанда ва тараннумгари фаъолият ва заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар баҳамоии халқи парешонгаштаи тоҷик, сулҳу ваҳдат, соҳибистиқлолии ватан, дӯстиву бародарӣ, бунёдкориву созандагӣ буд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ ташрифи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ќоњир Расулзода ба амал омада, якчанд иншоотҳои ҷашнӣ, аз ҷумла бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 воқеъ дар деҳаи Ҳуснободи деҳоти Меҳнатобод ифтитоҳ гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Чорабинии идонаи аҳли зањмати ноҳия хеле диднишину хотирмон гузашт.












