Имрўз дар китобхонаи марказии ноҳия бахшида ба 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабӣ мусуқӣ таҳти унвони “Ҳумоюн бод, Истиқлоли Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар чорабинӣ аҳли кормандони китобхона, толибилмони муассисаҳои таълимии №1,2 Фархунда Рафиева, Шаҳрия Рафиева, Ганҷина Неъматова, Маҳмадали Маҳмадалиев, Таманно Толибова, Сарвиноз Зарифова, Ҳамида Назарова, Марям Нурова, Сумая Насимова ва омўзгори мактаби №2 Ҷ. Абдуллоев иштирок карданд.
Дар маҳфил корманди рўзномаи “Навиди Ҳамадонї” Илёсиддин Набиев ва хонандаи фаъоли китобхона Ф, Рафиева доири аҳамияти таърихии ин Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърўзаҳо баромад карданд. Хонандагони фаъоли муассисаҳои таълими дар ситоиши Истиқлолият, Ватан, Тоҷикистон Шеърҳо қироат намуда, ҳамчунин, якчанд суруду таронаҳоро ба муносибати ин ҷашни хуҷаста манзури ҳозирин намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ