Ҳамдиёрони азиз!
Рўзи 9 – уми сентябр ба санаи сарнавиштсозу муқаддас – истиқлолияти давлатӣ, ки арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик маҳсуб ёфта, барои бунёди давлатдории навин сиву як сол пур мешавад. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ ҳамаи Шумо, ҳозирини арҷманд, меҳмонони азиз ва тамоми меҳнаткашони ноҳияро самимона табрику муборакбод мегўям.
31 сол пеш орзўи беш аз ҳазорсолаи халқи тоҷик амалӣ гардид. Ин воқеаи бузургтарин дар таърихи халқи мо буд.
Ба шарофати ин рўйдоди бузурги таърихӣ халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд. Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷамчун давлати мустақил эътироф гардид.
Таҷрибаи башарӣ исбот кардааст, ки озодӣ ва истиқлолият ба осонӣ ба даст намеояд. Дар охири асри 20, вақте ки барои ҳадафи олӣ ва муқаддаси миллӣ – Истиқлолияти Тоҷикистон шароит муҳайё гардид, нерўҳои нави зуҳурёфта мушкилоти ҷомеаро мураккаб сохтанд. Истиқлолияте, ки соли 1991 насиби миллати тоҷик шуда буд, дучори хатарҳои фалокатбор гардид. Дар натиҷа дар Ватани мо ҷанги таҳмилии бародаркўш оғоз ёфт, ки он барои истиқлолияти Тоҷикистон хатари марговар эҷод менамуд. Маҳз дарки ин хатарҳои даҳшатбор нерўҳои ватандўсти кишварро водор сохт, ки онҳо барои қатъи ҷанг ва ризоияту ваҳдати миллӣ ҳамчун зомини ҳифз ва таҳкими истиқлолият ба майдон бароянд. Қадами нахустини ҷасурона ва таърихии онњо дар Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шўрои Олии Љумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд. Маҳз, дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз оғози наҷоти Истиқлолияти Ватан аз тарафи мардуми кишвар, собиқ мухолифин ва аксари нерўҳои сиёсӣ дарк гардид, ки танҳо бо роҳи ризиояти сиёсӣ ва ваҳдати умумимиллӣ, хатари пароканда шудан ва аз байн рафтани давлати тоҷикон пешгирӣ мегардад.
Ҳаёт дурустии ин роҳро исбот кард. Дар як муддати кўтоҳ зиёда аз як миллион гурезаҳо ба ҷойи зисти пешинаашон баргардонида шуданд. Обод кардани харобаҳои ҷанг оғоз шуд. Ба воситаи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи мамлакат қабул гардид. Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ қабул ва Парламенти нав интихоб карда шуд. Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот ба роҳ монда, Артиши миллӣ ва қушунҳои сарҳадӣ ташкил карда шуданд.
Яке аз неъматҳои бебаҳои таърихии истиқлолият ва яке аз шартҳои истиқлолияти воқеии ҳар давлат эътироф гардидан ва шинохта шудани он аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. То имрўз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 194 кишвари олам шинохта, зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ барқарор намудааст. Тоҷикистон узви бештар аз 80 созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ буда, дар қатори 193 давлати дунё аъзои комилҳуқуқи СММ мебошад.
Тайи даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба марҳалаи рушд ворид гардида, сатҳи зиндагии мардум рўз то рўз беҳтар шудан гирифт. Ҳамаи ин дигаргуниҳо ва пешрафтро дар сатҳи ноҳияамон низ баръало дида метавонем.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ ва коркарди ашёи хом татбиқ гардидани барномаҳои рушди бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли аксари намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ зиёд карда шавад.
Боиси ифтихору сарбаландии мардуми ноҳияамон аст, ки дар соли ҷашнвораи Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шўрои Олӣ Асосгузори сулҳу вањдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияамон ташриф оварда, аз вазъи корҳои саҳроӣ ободонӣ ва намоиши маҳсулотҳои парваришнамудаи кишоварзон шинос шуда, ҷиҳати истифодаи мақсадноки замин, сари вақт гузаронидани кишти такрорӣ ва вобаста ба буҳрони шадиди иқтисодӣ дар мамолики ҷањон барои 2 – 3 сол захира намудани маводи озуқаворӣ дастуру супоришҳои судманд доданд.
Инчунин, дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ҳангоми сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳия дирўз бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Комили Мирзоалӣ ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳия Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 дар деҳаи Ҳуснободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод роҳи мумфаршкардашудаи байни деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, ва деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон дар масофаи 3,5 км, маркази хизматрасонӣ ва корхонаи коркарди меваю сабзавот дар Ҷамоати шаҳраки Москва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, ба фаъолияти ҶДММ “ТОҶАГРО” – и Ҷамоати деҳоти Панҷоб шинос шуда, дар он ба кишти тирамоҳии пиёз оғоз бахшида шуд.
Ҳар соли даврони Истиқлолият пуле буд барои кишвар, аз ҷумла ноҳияи мо барои пеш рафтан ва пойдевори ояндаро гузоштан. Ҳар соли рафтаи ин давра соли бунёдкориву созандагӣ буд. Ҳар соли сипарӣ шуда, воқеаҳову ҳодисаҳо ва рўйдодҳояш як саҳифаи таърихи миллати тоҷикро пур мекунад. Дастовардҳои давраи Истиқлолият хеле зиёданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаашон таъкид намудаанд, ки “Мо бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон доим шукрона кунем, ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем. Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дўст дорем, фарзандонамонро дар руҳияи ватандўстиву миллатдўстӣ тарбия намоем.
Дар фароварди суханам ҳамаи Шумо ва тамоми сокинони ноҳияро ба ин ҷашни фархунда табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи Шумо бахту саодат, тани сиҳат, иқболи нек, нерўи тоза ва рўзгори неку босаодатро таманно дорам.
Ҷашни 31 – солагии Истиқлолияти давлатӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай