Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баррасии масъалаҳои муҳим ( аз ҷамъомади назоратии назди раиси ноҳия )

 

         Панҷуми сентябри  соли  равон  дар маҷлисгоҳи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии  ноҳия  ҷаласаи навбатии  назоратии назди раиси ноҳия  баргузор гардид, ки дар он 15 масъалаҳои ҳалталаби  рўз мавриди  баррасӣ  қарор  гирифт. Нахуст масъалаи  ҷамъоварии маблағҳои андоз барои   моҳи сентябр аз рўйи  нақшаи  муайяншуда  ва таъмини  нақшаи  нуҳмоҳаи  соли  2022  дида баромада шуда, муовини аввали раис Маҳдӣ Орифзода  ба масъулони  соҳа ҷиҳати  иҷроиши  нақшаи андоз  маслиҳатҳои  судбахш  доданд.

    Ҳоло дар  саҳро ҷўшу  хурўши ҷамъоварии  “тиллои сафед” аст  ва доири вусъат  додани кори ҷамъоварии пахта,  рафти  қабули пахта  дар корхонаю  коргоҳҳои пахтақабулкунии ноҳия  муҳтарам  Маҳдӣ  Орифзода ба шахсони  мутасаддӣ Т. Рафиев  ва раисони ҷамоатҳо  супориш доданд, ки корро мувофиқи   мақсад  ташкил намоянд. Дар масъалаи оғоз  намудани   кишти барвақтии пиёз ва пешниҳоди  маълумот оид ба рафти корҳо М. Орифзода ба сардори раёсати кишоварзӣ Т. Рафиев ва   раисони ҷамоатҳо супориш доданд, ки  корро дар ин самт  дуруст ба роҳ  монанд.

    Масъалаҳои дигари ҷамъомад  пешниҳоди маълумот барои супоридани  маблағи шартнома  ва муайян намудани   ҷойи ҷойгиршавии  ташкилоту муассисаҳои  тариқи иҷора дар биною  иншоотҳо ҷойгиршуда, муайян намудани иншоотҳои хусусигардонидашуда  ва пешниҳоди   маълумот дар бораи  аз рўйи таъйинот  фаъолият намудани  онҳо, то рўзи 7 сентябр пешниҳод намудани  маълумоти пурра доири насби  шиору  навиштаҷотҳо  ва парчамҳои  ороишӣ  бахшида ба  ҷашни  31- солагии Истиқлоли  давлатии  Ҷумҳурии  Тоқикистон,  пешниҳоди маълумот  дар бораи   баргузории  чорабиниҳои тантанавӣ  дар ҳамаи  ташкилоту муассисаҳо, Ҷамоатҳои  шаҳраку деҳот  ва маҳалҳо  бахшида  ба ҷашни  31- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба баргузории намоишу  чорабинии  фарҳангӣ  бахшида ба ҷашни 31- солагии  Истиқлолияти  давлатии Ҷ Т, омодагии  ҳамаҷониба  ба сафари кории Сарвазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ноҳия, пурра омода намудани   иншоотҳои  љашнии  зимни сафари  кории  Сарвазири  мамлакат  истифодашаванда,  пешгирии  ҳолатҳои  дар сари роҳ  ва   майдони  киштзор  чарондани  чорво  низ ҳаматарафа  баррасӣ  гардида, муовини аввали раиси  ноҳия  Маҳдӣ Орифзода  шахсони масъулро вазифадор намуданд, ки бобати  иҷроиши  корҳо  чораҳои қатъӣ   андешанд.

    Ҳамчунин, дигар масъалаҳо – муайян намудани иншоотҳои ҷашнии дар моҳи  сентябр  мавриди истифода  қарордодашаванда, рафти касбомўзии љавонони синни даъватӣ  дар курсҳои ташкилгардидаи   назди ТҶММ,  рафти иҷрои нақшаи   обуна ба рўзномаҳои  ҳизбӣ, ноҳиявӣ  вилоятӣ,  ҷумҳуриявӣ  ҳам баррасӣ  гардида, муҳтарам Маҳдӣ  Орифзода ба ҳамаи масъулин ҷиҳати  амалишавии  масъалаҳо дастуру супоришҳои   мушаххас  доданд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай