Бо мақсади тозагии гирду атроф, ҳифзи муҳити зист дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод дењаи Ҳуснобод ва шоҳроҳи ноҳия аксияи тозагии соҳил, роҳ ва маҳал бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ҳамбастагӣ бо кормандони Идораи нигоҳдории роҳхои автомобилгарди ноҳия баргузор гардид. Дар аксияи мазкур 94 нафар сокинон ба ҳашар баромада, партовҳои гирду атроф ва назди шоҳроҳи ноҳияро тозаю озода намуданд. Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон аз тарафи бахшҳои болозикр мунтазам чунин ҳашарҳо, аксияҳо тозагии маҳал дар ҳар як Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир шуда, бо ин мақсад тозагию ободонии деҳу рустоӣ ноњия мунтазам ба роҳ монда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ