Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода оиди тозаю озода ва сабзгардонии маҳалли зист ва кўчаҳои шаҳрак кормандони ҷамоати шаҳрак ( раисаш Моҳшариф Шоахмедова) бо ҳамроҳии аҳли маҳаллаҳои шаҳрак ҳашари дастаҷаъмона гузарониданд, ки дар он қариб 100 нафар иштирок карданд. Мақсад аз баргузории ҳашар ин дар сатҳи баланд пешвозгирифтани ҷашни фархундаи 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Иштирокчиёти ҳашар кўчаву раста ва гулгаштњоро тоза карда, бехи ниҳолу дарахтонро нарм ва сафед намудаданд.
Ободонию хуррамгардонии мањаллањо, кўчаву растаҳои шаҳрак вазифаи ҳар як шаҳрванди маркази ноҳия аст,- иброз дошт раиси шаҳрак М. Шоахмедова.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ