Дирўз дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз тарафи раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон доир шуд. Мавриди қайд аст, ки ҳар ҳафта рузҳои чоршанбе ва шанбе аз тарафи раиси ноҳия қабули арзу дархостҳои шаҳрвандон доир шуда, шумораи зиёди муроҷиаткунандагон қабул ва дархости онҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Ин навбат низ таваҷҷуҳи бевоситаи раиси ноҳия оид ба муроҷиатҳои шаҳрвандон равона гардида, арзи зиёди шаҳрвандон шунида шуд. Бояд қайд намуд, ки шаҳрвандон оид ба масъалаҳои ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ, ташкили хоҷагии деҳқонӣ, барасмиятдарории замини наздиҳавлигӣ, рушди соҳибкорӣ, кумакҳои моддию молиявӣ ва дигар мушкилотҳо муроҷиат намуданд, ки аксари онҳо ҳалли худро ёфта, ҷиҳати баррасии дигар муроҷиатҳо роҳбарони ташкилоту идораҳо муваззаф шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ