Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Сулҳ –пойдевори асосии ҷомеа

                Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои фаъолияти роҳбарии худ, ҳамеша кўшиш ба  харҷ доданд, ки Истиқлолияти миллии тоқиконро устувор, амнияту оромии кишварро барқарор ва сулҳу суботро дар саросари  мамлакатамон таъмин намоянд.

    Пешвои миллат пайваста  таъкид менамоянд, ки дар таъмини сулҳу субот ва вањдати миллӣ пеш аз  ҳама хизмати худи халқи тољик аст, зеро роҳи  сулҳҷўёнаву сулҳхоҳонаи Сарвари давлатро  мардум дастгирӣ намуда, эътимоди ҳамагонро ба дурустии роњи пешгирифтаи ў қавӣ сахтанд.

   Сулҳ дар табиату хислат, дар хуну имону дини мардуми  тољик ҳамчун арзиш нуҳуфтааст.

   Сулҳ- оштӣ, сулҳ- таъмини амният, осудагӣ  ва хушрўзист, сулҳ-муқобили  ҷанг, кафили хушбахтӣ, рўҳбахши  зиндагӣ ва омили  пешравиҳои ҷомеа аст. Дар бораи сулҳ  устод Мирзо Турсунзода гуфтааст:

             Менависам  ман суруди  сулҳро бо хуни дил.

             Бо тапиданњои беороми рўзафзуни дил.

             Одамон аз дўстӣ  ёбанд бахт,

             Душманӣ орад ба мардум рўзи сахт.

        Дар бораи  сулҳу ваҳдат миёни тоҷикон чанде сухан гўем кам аст, чунки халқи тоҷик умре домони сулҳу оштиро маҳкам дошта, аз замину ҳунараш зиндагии худ  ва фарзандонашро таъмин кардааст ва аз фарҳангу ҳикматаш боигарии маънавиаш боло рафтааст.

       Маҳз мардуми табиатан сулҳдўсту  сулҳпарвари тоҷик буд,ки  дар лаҳзаҳои басо ҳассосу тақдирсоз  сиёсати  пешгирифтаи роҳбари сулҳофарини  давлатро дастгирӣ карда, зиндагии осоиштаву меҳнати ҳалолро аз ҷангу хусумат бењтар донист.

        Шукри Парвардигор, ки  халқи тоҷик марди  қавиирода  доштааст, ки аз  рўзҳои аввали фаъолияти  роҳбариаш дар дили ғамдидаи  ҳама халқ нури умед ба оянда  афрухт. Суханони пок ва беолоиши ў: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои барқарор шудани сулҳ равона мекунам», ин суханони гуфтаи ў шамъи фурўзону орзуи миллионҳо сокинони Тоҷикистон гардид. Дар ин бора устод Мирзо Турсунзода  фармудааст:

                «Касе,к-ў боварии  халқро арзанда мегардад,

                 Ба ҳар кас дўстрў, ҳар хонаро зебанда мегардад».

    Сулҳи миёни тоҷикон нодиртарин дар таърихи башарият ба ҳисоб меравад. Он намунаи ибратест ба ҳамаи кишварҳое,ки ғарқи низоъу муноқишаҳо ҳастанд.

    Таҷрибаи дар муддати кўтоҳи таърихӣ хомўш кардани ҷанги дохилӣ ва пойдор сохтани сулҳу амният дар Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати  миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби СММ шинохта шуда, ҳамчун намунаи бесобиқа аҳамияти калони таърихию байналхалқӣ дорад.

   Оид ба созишномаи сулҳи тоҷикон ва самараҳои тақдирсози он имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ атрофи нодиру беназир будани он бо ҳарорат ҳарф мезананд.

  Комилан  дуруст  фармудаанд:

                         «Сулҳ ваҳдат чун бигардад пойдор,

                          Зиндагию кор мегардад барор».

Хулоса, сулҳи тоҷикон безавол ва пойдевори қасру давлату миллат аст.

                                                                                     Тошмад Гулмадов –Аълочии    маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай