Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Таҷлили Рўзи Дониш дар ноҳия

          Имрўз дар саросари кишвари маҳбубамон ва аз ҷумла, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  низ  дар ҳамаи  муассисаҳои  таълимӣ Рўзи Донишро бо омодагии ҷиддӣ  истиқбол гирифтанд. Дар мактаби № 12 ҳама рўзи Дониш бо шукуҳи зиёд  таҷлил  гардид. Бо ибтикори  Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии ноҳия ва ҷонибдории  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон тибқи қарори Маҷлиси  вакилони халқи   вилояти Хатлон  аз  23.06.2022, № 387 МТМУ№12  ба  номи  фарзанди  фарзонаи  ҳамин деҳа  Аҳмадзода  Маҳмудбек Аҳмад номгўзорӣ  гардид.

     Дар чорабини тантанавии  муассиса  раиси ноҳия   муҳтарам Бозоралӣ Одиназода  ва дигар ҳамроҳонаш  иштирок ва баромад  карда,   устодону хонандагон ва аҳли муассисаро  ба ин  рўзи  муборак  табрику   таҳният гуфта,  ба хонандагони  синфи 1  туҳфаҳо  тақдим намуданд. Ҳамчунин, раиси  ноҳия   аз синфхонаҳои  муассиса  дидан  намуда,  бо омўзгорони  ҷавони нав  ба мактаб  омада  суҳбати  гарм  орост  ва аҳли  омўзгоронро  таъкид  намуданд, ки насли  наврас  дар руҳияи  ватандўстиву  хештаншиносӣ  тарбия намуда, баҳри  он талош  намоянд, ки сатҳи  сифати  таълимро баланд  бардоранд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай