Устодон ва падарону модарони
гиромиқадр!
Хонандагони азиз!
Рўзи Дониш ва оғози соли нави таҳсилро ба Шумо табрику муборакбод гуфта, боварӣ дорам, ки чун анъана ин рўзи муборак дар тамоми муассисаҳои таълимї бошукўњ ва хотирмон таҷлил мегардад. Имсол ҷашнгирии рўзи Дониш ба истиқболи ҷашнҳои дорои аҳамияти таърихиву сиёсӣ дошта 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шўрои Олии Љумҳурии Тоҷикистон баробар омадааст. Мавриди зикр аст, ки ин рўзро дар ноҳия зиёда аз 4102 нафар хурдтараконе, ки бори аввал ба синфи якум ќабул мешаванд, бесаброна интизоранд. Аз ҷумла, имсол дар мактаби Шумо ин раќам 126 нафарро ташкил медиҳад.
Давлату Ҳукумат бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.
Дар ҳамин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаанд, ки “Дар даврони соҳибистиќлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.
Сол аз сол беҳтар гардидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи маориф, фарогирии хонандагон, махсусан духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, дохилшавии хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар ва хориҷи он, ба таълиму тарбияи махсус фаро гирифтани хонандагони болаёқат, рушди муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои намуди нав, аз ҷумла муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, татбиқи Барномаҳои давлатии соҳа, таъмини таълимгоҳҳо бо таҷҳизоти муосир, мутахассисони баландихтисос, китобҳои дарсӣ, иштирок ва ғолибияти омӯзгорону мураббиён ва толибилмони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар озмунҳои касбию фаннӣ натиҷаи ғамхориҳои рӯзафзуни давлату ҳукумат нисбати мактабу маориф мебошад.
Маорифчиёни ноҳия чун дигар маорифчиёни мамлакат Соли нави хонишро бо тайёрии пешакӣ, омодагии ҳаматарафа, бо қувваю ғайрати нав ба таълиму тарбияи насли наврас оғоз мекунанд. Айни замон дар ноҳия 55 муассисаи таълимӣ, аз он ҷумла 43 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 3 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 гимназия, 1 литсей ва 5 кўдакистон фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 34152 нафар хонандагон таҳсил намуда, теъдоди хонандагон сол то сол зиёд гардида истодааст. Имсол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 73 нафар омўзгорони љавон барои кор бо роҳхат равон карда шуданд, ки аз инҳо 10 нафар дар асоси квота ба кор омадаанд. Аз ҷумла, дар муассисаи таълимии Шумо соли хониши нав 8 нафар мутахассисони ҷавон ба кор қабул карда шуданд.
Дар тантанаи таҷлили Рўзи Дониш оғози соли нави таҳсил мехоҳам боз як хушхабари дигарро ба самъи Шумо расонам, ки боиси ифтихор ва сарфарозии ҳайати омўзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 ва аҳли ҷамоатчигии деҳаи Пушкини Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон мебошад. Имсол бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷонибдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тибқи қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 23 июни соли 2022, №387 муассисаи таҳсилоти миёнаи №12 ба номи фарзанди фарзонаи ҳамин сарзамин Аҳмадзода Маҳмуд Аҳмад номгузорї карда шуд. Аҳмадзода Маҳмуд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиќ Иттиҳоди Шўравӣ дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Қушунҳои сарҳадии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афсари ќаторӣ сар карда то рутбаи генералӣ расида дар вазифаҳои гуногуни роњбарӣ хизмат намуда аз худ матонату далерӣ, шуҷоат ва садоқат дар роҳи амният ва ҳифзи Ватан нишон додааст. Хизматҳои ин марди далеру шуҷоъ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо орденҳои “Ситораи сурх”, “Спитамен” ва чандин медалу нишонҳои фахрӣ қадрдонӣ карда шудааст. Ҷасорату мардонагӣ, диловарию муҳаббати зиёди нисбат ба халқу диёри худ доштаи чунин ҷавонмардон барои насли наврас мактаби бузурги ватандўстӣ аст.
Рўзи Дониш, оғози соли нави таҳсил ва ҷашни 31 – солагии Истиқлолияти давлатии кишвар муборак, омўзгорону хонандагони азиз!
.JPG)