Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷамъомади назоратии назди раиси ноҳия

         Дар ҷамъомади  назоратии  рўзи  29 август доир гардидаи  назди раиси ноҳия  17 масъалаи   рўзмарра  мавриди баррасӣ   қарор гирифтанд. Сараввал   масъалаи ҷамъоварии  маблағҳои андоз  барои рўзҳои  боқимондаи   моҳи август  баррасӣ гардид  ва раиси ноҳия   муҳтарам Бозоралӣ Одиназода   шахсони  масъули  соҳаро вазифадор  карданд, ки ҷиҳати  иҷроиши  нақша  чораҳои   зарурӣ андешанд.

     Масъалаҳои   дигари ҷамъомад- вусъат додани  кори ҷамъоварии  ҳосили  пахта; назорати пешниҳоди  маълумотномаи (ПК)-и  пахтаи ќабулшуда  ба корхонаҳо  аз ҷониби  хоҷагиҳои деҳқонӣ; ба охир  расонидани  кишти  такрории картошка;  пешниҳоди  маълумотҳои  ҳаштмоҳа аз   тарафи   роҳбарони  ташкилоту  муассиса ва ҷамоатҳо;  назорати  пешниҳоди   маълумотҳои   оморӣ  оиди ҷамъбасти  ҳаштмоҳа;  омодагии   муассисањои   таълимӣ  ба соли  нави  хониш;  баргузор  намудани   чорабиниҳо  бахшида  ба ҷашни  31-солагии Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;  овехтани  шиору  овезаҳо  ва Парчамҳои  ороишӣ  ба истиқболи   ҷашни 31- солагии  Истиқлоли  давлатӣ,  пешниҳоди  рўйхати  кормандони  фаъол  барои мукофотонидан  бахшида ба ҷашни  31- солагии  Истиқлоли  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳаматарафа  мавриди   баррасии ҷиддӣ  қарор  гирифта, ҷиҳати  иҷроиши  корҳо  раиси ноҳия  ба шахсони  масъули соҳаҳо С. Тағаймуродзода, М. Орифзода, Т. Рафиев, муовинони  соҳавии  раиси  ноҳия, Ғоибзода  Насимҷон, З. Қиматов, раисони ҷамоатҳо  ва дигарон дастуру  супоришҳои муфид доданд.

    Инчунин, раиси ноҳия  оиди  омодагӣ   ба сафари  кории  Сарвазири  мамлакат ба ноҳия;  омода намудани иншоотҳои ҷашнӣ  барои  кушодашавї;  ба тасвиб  расонидани  санадҳои  қабули  иншоотҳои  ҷашнӣ;  доир намудани   шанбегиҳо   дар ҳамаи ташкилоту   муассисаҳо  то 5 сентябр  ва пешниҳоди  маълумотҳо  дар ин бора;  рафти   касбомўзии  ҷавонони   синни  даъватӣ дар курсҳои   омўзишии  назди ҶТММ-и  ноҳия;  иҷрои наќшаи   обуна -2023 ба матбуоти ноҳиявӣ,  минтақавӣ,  вилоятию  ҷумҳуриявӣ,  ҳизбӣ  ба масъулини   соҳаҳо  ва шахсони  мутасаддӣ  бобати   амалишавии  корҳо  маслиҳатҳои   судбахш доданд. 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай