Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - БО СИПОСНОМА САРФАРОЗ ШУДАНД

      Имрўз даври  дуюми  Озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунарманди сол ”  дар  шаҳри Кўлоб  баргузор  шуд, ки дар  он Шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия  дар якҷоягӣ  бо бахши кор бо  занон  ва  оилаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлати  ноҳия  иштироки фаъолона  намуданд. Бояд қайд  намуд, ки  дар  озмун  аз  тарафи  бахшҳои  зикршуда,  ҳунармандону  чеварони  ноҳия даъват  шуда,  дастранҷи  худро ба  маърази  тамошо  гузоштанд. Ҳунармандони  мо  тавонистанд  бо намоиши ҳунарҳои қадимаи худ, ки  имрўз онҳоро аз нав  эҳё  намудаву ҳамчун  анъанаи  ниёгон ба насли ҷавон  меомўзанд,  сазовори  ҷойҳои  ифтихорӣ   гарданд. Дар  интиҳои чорабинӣ  барои  амалисозии “Барномаи   рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  солҳои  2021-2025” хунармандони ноҳия  бо Сипосномаи  Кумитаи  тадорукоти  озмун сарфароз  гардиданд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай