Дар муассиаси таҳсилоти миёнаи умумии №13 ( директораш Қурбоналӣ Чиллаев) корҳо дар ин самт хеле хубтар аст. То 24 –август 57 нафар бо синфи 1-ум қабул карда шудааст. Хонандаи синфи 7 Қосимов Сафармуҳаммад дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни ҷуғрофия соҳиби ҷойи 3-юм ва медали биринҷӣ гардидааст. Обуна ба рўзномаи ноҳиявӣ иҷро шудааст.
Тибқи гуфтаи директори муассиса китобҳои дарсӣ мерасанд. Таъмир дар муассиса ба охир расидааст. Дар як гўшаи заминҳои муассиса кишти такрорӣ гузаронида шудааст, вале ин басанда нест. Агар дар муассиса аз заминҳои гирду атрофи он самаранок истифода баранд, аз ҳосили он манфиат бардошта метавонистанд.
Ҳамин моҳ 2 мутахассиси ҷавон, омўзгорони фанҳои ҷуғрофия ва тарбияи ҷисмонӣ ба кор омадаанд. Ҳамчунин аз ҳисоби шогирдони муассиса 3 нафар ба даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “ Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳхат гирифтанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ