Обилаи маймун (Мокеурох) як бемории уфунӣ буда, метавонад аз вируси обилаи маймун аз ҷонварон ва инсон низ пайдо шавад. Нишона, таб, сардард, дарди мушакҳо, табларза буда, ашхоси гирифтори ин беморӣ ҷисман хаста шуда, ба думболи он дар бадан донаҳо пайдо мешаванд. Аз замони пайдо шудани аввалин нишонаҳо то сироят ба тамоми бадан бештар аз 10 рўз мегузарад.
Обилаи маймун мумкин аст бо даст задан ба гушти шикоршуда, неш ё хароши ҷонварон, моеъоти бадан, ашёи олуда ё иртиботи наздик бо шахси мубтало ба каси дигар гузарад. Аз рўзҳои аввал муайян кардани вируси обилаи маймун мушкил аст, зеро он низ мисли аксари бемориҳои дигари уфунӣ бо ҳамон сардарду таби баланд оғоз мешавад. Бо пайдо шудани нишонаҳо, аз ҷумла дард дар қафи дастон, кафу панҷаи пойҳо ва дигар аъзои бадан шахси гирифтор метавонад ба табибон муроҷиат кунад. Агар духтурон ба ин натиҷа расанд, ки нишонаҳои вируси маймун ҷувайдост, пас барои дақиқ шудани ташхис ўро ба озмоишгоҳҳо равона мекунанд.
Агар исбот шавад, ки шахс ба вируси обилаи маймун гирифтор шудааст, пас барояш дору ва муолиҷа таъмин мешавад. Табобати он беморӣ дар хона, бо карантинӣ муваққати барои соҳибони манзил ва дурӣ аз ҳар гуна иртибот мегузарад.
Тибқи қонун бояд табибон номи кулли онҳоеро, ки зарфи чанд рўзи охир бемор ба онҳо иртибот дошт, ёддошт кунад ва ҳамаи онҳоро аз ташхиси тиббӣ гузаронанд, то сироят густариш наёбад.
Ин беморӣ метавонад шабеҳи обилаи мурғон бошад.
Чун бемориҳои уфунии дигар обилаи маймун низ ваксина дорад ва он метавонад то 85% барои пешгирӣ самараовар бошад. Ваксинаи Jyhheos барои муқобила бо обилаи маймун барои бузургсолон соли 2019 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тайъид шуда буд. Стандарти кунунӣ барои дармон тековиримат аст. Ин дору барои табобати беморони гирифтор ба обилаи маймун дар Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА тайъид шудааст. Аммо мутахассисон мегўянд, муолиҷаи ин беморӣ низ ба монанди ҳамон касалиҳоест, ки обилавианд.
Обилаи маймун чун бемории инсон бори аввал соли 1970 дар Ҷумҳурии Демократии Конго ба ќайд гирифта шуда буд.Созмони ҷаҳонии тандурустӣ миёни солҳои 1981-1986 дар Конго 338 ҳодисаи сироят ба ин вирусро сабт кард, ки 9,8 дарсади гирифторон фавтиданд.
Солҳои 1996-1997 дуюмин мавҷи сирояти он ба қайд гирифта шуд. Аз соли 1991 то соли 1999 дар Конго 511 нафар чун мубтало ба обилаи маймун сабт шуданд.
Дар аввалҳо обилаи маймун танҳо дар ҷангалҳои тропикӣ дида мешуд. Аммо соли 2005 онро 49 маврид дар Судон кашф карданд, хушбахтона, ҳамаи ин беморон шифо ёфтанд ва ягон ҳодисаи фавт сабт нашуд.
Бино ба омори СҶТ аз соли 2011 то соли 2014 2000 ҳодисаи гирифтори ба ин вирус маълум шудааст.
Аммо аз соли 2018 ҷуғрофиёи густариши ин беморӣ васеъ шуд. Аввалин ҳодисаи сироят ба ин вирус дар ИМА соли 2003 ба қайд гирифта шуд. Ин замоне ошкор шуд, ки як кўдакро саге газид, ки онро соҳибонаш аз бозори хурдакаки иёлати Висконси харида буданд. То 20-уми июни соли 2003 дар ИМА 71 ҳодисаи сироят ба обилаи маймун сабт шуд ва ҳамаи ин ҳодисаҳо марбут ба кўрмуши мансуб ба оилаи мири мушони Гамбия буд, ки моҳи апрели соли 2003 аз Аккраи Гана ба иёлати Техас ворид карда буданд.
Моҳи сентябри соли 2018 аввалин ҳодисаи обилаи маймун дар қаламрави Подшоҳии Британияи Кабир ба қайд гирифта шуд.
Шурўъ аз соли 2021 шумораи мубталоён ба обилаи маймун дар Британияи Кабир рў ба афзоиш овард.
Сироят ба обилаи маймун дар Сингапур низ ба ќайд гирифта шуда буд ва боз ҳам гуфта мешуд, ки он аз Нигерия омадааст.
Посухи қатъӣ ба ин суол ҳоло имкон надорад. Вале 23-уми майи соли равон СҶТ эълон кард, ки вируси обилаи маймун, ки ҳоло дар 16 кишвари берун аз Қораи Африқо ба қайд гирифта шуда, дар ҳоли афзоиш аст, мутатсия нашуда, гузинаҳо ва нусхаҳои дигари он сабт нашудааст.
Таҳлилгарони ин Созмон далел надоранд, ки ин вирус дар шаклҳои дигар зоҳир шуда бошад. Сарвари бахши мубориза бо обилаи маймуни СЉТ Розамунд Люис охирон хабар дод, ки то кунун нусхаҳои дигари вируси обилаи маймун дар ягон кишвари олам дида нашудааст.
Ҳамзамон, бо ин СҶТ натиҷаи як пажуҳиши худро ҳам эълон кард, ки тибқи он бештари сироятёфтагон ҳамҷинсгароён ва дуҷинсгароён буданд.
Ахиран Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон карда буд, ки дар кишвар ягон ҳодисаи сироят ба вируси обилаи маймун ба қайд гирифта нашудааст. Обилаи маймун дар Тоҷикистон бештар бо номи обчакони ҳамдуна ё сурхакони маймун ёд мешавад.
С.Иномов,
директори маркази ВНМО-и ноҳия
