Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 31- солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои бунёдкорию созандагӣ бо маром идома дошта, иншоотҳои таиноташон гуногун мавриди истифода қарор дода мешаванд. Бояд қайд намуд, ки бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ мумфаршкунии қабати дуюми роҳи сатҳи ҷумҳуриявии шаҳраки Москва то сарҳади ноҳияи Восеъ дар масофаи 13,1 километр оғоз ёфт. Қабати дуюм бо баландии 5 см мумфарш карда мешавад. Дар пеш бурдани корҳо 17 адад техникаҳои гуногун истифода шуда, барои иҷроиши корҳо коргарони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳия ҷалб гардидаанд. Дар рўзи оғози корҳои мумфаршкунӣ раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода ва дигар роҳбарони ташкилоту муассиса ба рафти корҳо аз наздик шинос шуда, таъкид доштанд, ки корҳои мумфашрнамоӣ бо сифати баланд анҷом дода шавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ