Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баррасаи масъалаҳои муҳим

          Рўзи душанбе, 22 август ҷаласаи навбатии назоратии назди раиси ноҳия баргузор гардид ва як ќатор масъалаҳои рўзмарраро  мавриди баррасии ҷиддӣ  қарор  доданд.

     Ҷамъоварии маблағҳои андоз масъалаи аввали ҷаласаи назоратӣ  буд ва раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ  Одиназода ҳолати иҷроиши нақшаи ҷамъоварии маблағҳои  андозро барои  моҳи август ҳаматарафа таҳлил намуда, баҳри  таъмини иҷрои наќша ба масъулини соҳа маслиҳатҳои муфид доданд. Дар масъалаи кам кардани баќияпулиҳои  андоз ва пешниҳоди маълумот дар бораи иҷрои  қарорҳои маҷбуран ситонидани маблағҳои андоз раиси ноҳия ба масъулони соҳа  Орифзода М, ва Ҳукматов Р.  Супориш доданд, ки ҷиҳати ҳалли кор  чораандеши намоянд.

     Доири масъалаҳои назорат ба рафти чиниши  ҳосили пахта  ва пешниҳоди маълумоти ҳамарўза  оиди ҷамъоварии ҳосили хоҷагӣ  ба  хоҷагӣ;  рафти кишти такрории картошкаю  сабзи, омода намудани заминҳо барои кишти  барвақтии пиёз;  омода намудани заминҳои карами  хоҷагиҳои деҳқоние, ки   боздиди  сарвазири  мамлакат ба он ҷо ба нақша гирифта шудааст, роҳбари ноҳия ба масъулини соҳаҳо Орифзода  М, Рафиев Т, раисони ҷамоатҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки  баҳри амалишавии корҳо  тадбирҳои  зарурӣ  андешанд.

     Раиси ноҳия   муҳтарам Бозоралӣ Одиназода  доири пурра омода намудани  МТМУ №43 барои ифтитоҳ дар рўзи сафари   Сарвазири мамлакат; тозаю озода намудани ду канори роҳи  асфалтпўшидаи  байни деҳаҳои Меҳнатободу Гулистон, гузоштани аломатҳои роҳ ва насби лавҳаю парчамҳои ороишӣ;  пурра омода намудани маркази савдо  ва хизматрасонӣ  дар ш. Москва ҷиҳати ифтитоҳи  он дар рўзи сафари   кории Сарвазири  кишвар;  тайёр намудани корхонаи  коркарди  меваю сабзавот дар ш. Москва ва ташкили  намоиши маҳсулоти саноати истеҳсоли  ноњия дар рўзи  ташрифи  Сарвазири кишвар; пешниҳоди рўйхати хоҷагидорон ва саноатчиёни ноҳия  барои иштирок дар мулоқот бо Сарвазири мамлакат раиси ноҳия  ҳамаи шахсони масъулро вазифадор намуд, ки бобати сари вақт иҷро шудани корҳо ва супоришҳои додашуда тадбирҳои  судбахш андешанд.

     Дар бораи масъалаҳои дигари ҷаласаи назоратӣ- дидани чораҳои қатъи нисбати истеҳсоли хишти сменти  ва пластикаи флизӣ  дар корхонаҳои  саноатӣ; корбари бо ташкилотҳои  сохтмонї ҷиҳати беҳтар намудани  нишондиҳандаҳо дар ҳаштмоҳа; омода намудани  муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш; таҳия ва пешниҳод намудани рўйхати  намояндагони МИҲД-и  ноҳия барои  иштирок дар Рўзи дониш (1.сентябр);  ба анҷом расонидани кори  сертификаткунонии  муассисаҳои томактабӣ,  марказҳои саломатӣ  ва пешниҳод намудани   шиносномаҳои техникии онҳо;  пешниҳоди маълумот оиди иҷрои Барномаҳои давлатӣ ва Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар зарфи 8 моҳи соли равон;  рафти касб омўзии  ҷавонони  синни  даъватӣ дар курсҳои ташкилгардидаи назди ТҶММ ва дидани чораҳо ҷиҳати пуррагардонии кўрсҳои омўзиши  тибқи нақшаи  муайянгардида ; иҷрои нақшаи  обуна-2023 ба рўзномаҳои ҳизбӣ  ва вилоятиву  ҷумҳуриявӣ  раиси ноҳия   муҳтарам Бозоралӣ  Одиназода  ба ҳамаи шахсони  масъулу  мутасаддӣ  ҷиҳати иҷроиши   масъалаҳои   баррасигардида  дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай