Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҒАМХОРИ МАОРИФ

        Гузаштаи деринаи мо ва сафҳаҳои рангини таърихии мардумамон исбот намудааст, ки давлатдории миллӣ ҳамеша бо забони тавонову пӯё ва забони миллӣ дар навбати худ ба давлати мустақил ва пешвову давлатдори ҳомию нигаҳбони забон ниёз доштааст. Дар таърихи мардуми деринарӯзгори мо, ҳамчунин, давлатдории Сомониён собит намудааст, ки марҳалаҳои рушди таърихии забону фарҳанг ва тамаддун низ бо зуҳури шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ иртибот ва пайванди ногусастанӣ доранд, ки пеш аз ҳама пуштибонӣ мехоҳанд.

Баҳри пешрафти ҷомеа ҳар як давлат ба низоми маориф - рушди ин соҳа ва таълиму тарбияи насли наврас диққати асоси медиҳад, зеро маҳз рушди маориф рушду нумуи зиндаги инсонҳо дар ҳар як кишвар маҳсуб мешавад.

Бо ин мақсад, Ҳукумати кишвари мо низ ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки бо дарки ин масъала мутобиқанд ба руҳияи давру замон бештар барои рушди маорифи кишвар ғамхори намуда, мекӯшанд, то системаи маорифи мо пешрафта бошад. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ, ки 26 - уми декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи таффакури техникии насли наврас солҳои 2020-2040-ро "Бистсоли омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" элон карданд.

Ин худ як ғамхории бепоёни Сарвари давлатамон дар муносибат ба таҳсилоти фарогири насли наврасу ҷавони кишвари мост, ки маорифпарварону тамоми табақаҳои аҳли ҷомеа онро хуш пазируфтаанд. Метавон собит намуд, ки омӯзиш ва аз худкунии илмҳои дақиқ асоси рушди тафакури мантиқии инсон, устувор гардонидани ҳиссиёти ақлонию эҷод пайдо шудани қобилияти омӯзиш, зеҳни қавӣ, васеъ гардидани ҷаҳонбинии маънавию илмӣ, қадами пӯёву поё дар роҳи рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини рақобатпазирии ҷумҳурӣ дар асоси байналмиллалӣ ба шумор меравад.

Ташаббусу иқдомҳои Сарвари давлатамон дар таъсису ташкил ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии "Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст",нашри силсилакитоби"Ахтарони адаб" иборат аз панҷоҳ ҷилд ба ҳар як оилаи кишвар ба таври ройгон дастрас гардидани шоҳасари "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров, таҷлили Рӯзи китоб, бунёди мактабу кудакистонҳо, даҳҳо театр, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангию фароғат дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сафарҳои ҳунарии аҳли фарҳанги мо ба даҳҳо кишвари дунё аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи фарҳанги миллӣ ба шумор меравад, ки худ ҳама заминаи боэътимод ва дастрас бар пешравии маорифи мо маҳсуб мешавад.

Бо ин ҳама заҳматҳои доимии Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар самти маорифу фарҳанг амали хоҳад шуд, мо метавонем дар дохили кишварамон талаботи иқтисодии миллӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар- саноаткунонии босуръат дар самтҳои ҷустуҷӯ ва инкишофи канданиҳои фоиданок ва рушди саноати маъданро дар солҳои на чандон тулонӣ амалӣ намоем, ки он ҳам баҳри рушду густариши зиндагонии мо соҳибватанон мебошад.

Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти маориф, рушди забони тоҷикӣ ва ба марҳалаи нави рушд ворид шудани онро дар рӯзгори имрӯзаи Истиқлолияти давлатӣ ва бунёди давлати миллӣ метавонем муҳим арзёби намоем, ки воқеан забони тоҷикӣ ба ҳайси забони воқеан ҳам расмию давлатӣ дар паноҳи давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон қарор гирифтаасту фаъолияти маорифи кишвар бо ин забон ҷойгоҳи аслии худро дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа пайдо намудааст.

Одиназода Бозоралӣ – раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай