Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷамъомади назоратии назди раис

          Дар  маҷлисгоҳи  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  ноҳия ҷаласаи  навбатии  назоратии назди  раиси  ноҳия  доир гардида, умдатарин масъалаҳои  ҳалталаби   рўзро  мавриди баррасӣ  қарор дод. Иҷрои нақшаи  ҷамъоварии  маблағҳои  андоз барои моҳи  август  аз масъалаҳои асосии   ҷамъомади назоратӣ  ба ҳисоб мерафт ва раиси ноҳия  муҳтарам Бозоралӣ   Одиназода  ба шахсони   масъули соҳа бобати  таъмини  иҷрои нақшаи   андоз  супоришҳои  мушаххас  доданд.

       Ҳоло дар ноҳия ҷамъоварии  ҳосили пахта  шуруъ  гардидааст. Роҳбари ноҳия   доири рафти  ҷамъоварии  ҳосили пахта  дар хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ва пешниҳоди  маълумоти ҳамарўза оиди  ҷамъоварии ҳосил,  ҳамчунин  супоридани пахта ба корхонаҳои  пахтақабулкунӣ  ва пешниҳоди маълумоти ҳаррўза  оид ба рафти қабули пахта ба муовини  аввали раиси  ноҳия,  Раёсати кишоварзӣ, раисони   ҷамоатҳо, шуъбаи омор дастур доданд, ки  оиди иҷроиши   корҳо  назорати  ҷиддӣ  баранд. Доири кишти такрории  картошкаю  сабзӣ  ва пешниҳоди  маълумоти ҳаррўза дар ин бора;  назорат ба рафти омодагиҳо  ба мавсими  тирамоҳу  зимистони солҳои  2022-2023 дар ҳамаи   ташкилоту  муассисаҳо, хоҷагиҳои чорводор  раиси ноҳия  ба шахсони масъул  баҳри пешрафти корҳо  ва сари  вақт иҷро шудани кишти   такрорӣ  маслиҳатҳои  судбахш  доданд.

     Масъалаҳои дигари  ҷаласаи назоратӣ пешниҳоди   маълумот ҷиҳати  ҷалби хатмкардаҳои  синфҳои  9 ва 11-и  муассисаҳои таълимӣ  барои пуррагардонии  курсҳои  омўзиши Литсейи касбии  техникии ноҳия;  доир намудани шанбегиҳо ҳар ҳафта  дар ҳаммаи ташкилоту муассисаҳо то 5 сентябр,  пешниҳоди  маълумотҳо  дар ин  самт; пуррагардонии  курсҳои омўзишӣ барои  ҷавонони синни даъватӣ  тибқи нақшаи  муайянгардида;  маъракаи   обуна ба  рўзномаву  маҷаллаҳои  ноҳиявӣ,  ҳизбӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ;  ба тартиб  овардани варзишгоҳи  марказии ноҳия ҳам ҳаматарафа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд  ва раиси ноҳия  ҳамаи масъулини  соҳаҳоро вазифадор намуданд, ки баҳри иҷроиши масъалаҳои номбурда  ва амалишавии  корҳо  тадбирҳои  зарурбӣ ва чораҳои  судманд андешанд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай