Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ДУ НАХЛИ ЯК САМАР ЎЗБЕКУ ТОҶИК

          Ва дар ҳақиқат ҳам сухан аз дўстӣ буду рафоқату якдигарфаҳмӣ. Меҳмонони аз вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии бародарии Ўзбекистон  меҳмони ноҳия шуда, аз зебоиву сарсабзии он басе шод гардиданд. Меҳмононро раиси нохия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода ва дигар шахсон дар даромадгоҳи ноҳия тантанавор пазироӣ намуданд. Меҳмонон баъди тамошои ноҳия ба  аз кору меҳнати коргарони ҶДДМ-и «Тоҷ-Агро « дидан карданд. Онҳо бо коргарону мутахассисони ин ҷо суҳбат намуда, оиди комёбию муваффақиятҳои ин макони истеҳсолотӣ аз наздик шинос шуданд.

       -Мо дар ин гўшаи дури Тоҷикистони барои мо басо азиз дастовардҳову муваффақиятҳоеро дидем, ки онҳо дар даврони соҳибистиқлолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омаданд. Мулк саросар обод ҳасту мардумонаш аз сиёсати  баҳри беҳбудии мардуму созандагию ободкорӣ нигаронидаи  Сарвари давлаташон шоду маъмнун. Мо боз дар ин ноҳияи сарҳадӣ онро мушоҳида намудем, ки мардумони меҳнатқаринаш ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, аз он ҳосили фаровон мерўёнанд. Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти ҳамашиносаш ба сўйи фардои дурахшон бо қадамҳои умедбахш равон аст,- гуфтанд меҳмонон.

      - Таърих одилона исбот намудааст, ки ин ду миллати дар паҳлўи якдигар асрҳо зиндагию кор мекардагӣ  ба ҳам чунон решапайванд шудаанд, ки ягон бадхоҳе ҷуръати ин дўстю рафоқати онҳоро халалдор сохта наметавонад. Дўстие, ки асрҳо боз устувору пойдор ва ҷовидон мондааст. Ба ќавли шоир:

Ду чашму як назар, ўзбеку тоҷик,

Ду роњу як сафар, ўзбеку тоҷик.

Ду нахлу як самар, ўзбеку тоҷик,

Ду боби як асар, ўзбеку тоҷик.

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвари ҳамҷавор, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон  Шавкат Мирзиёев  робитаҳои ҷовидона, муҳити маънавии барқарор  дар солҳои охир ба сатҳи комилан нав  баромад ва шаклу мазмуни тоза касб намуд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай